баргард чоп кардан

Душанберо зилзилаи 2 бала такон дод

Соати 3:55-и субҳи рӯзи шашуми апрел дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Аз Хадамоти геофизикии Академияи улуми Тоҷикистон ба «Озодагон» хабар доданд, ки маркази зил-зила 380 километрии ҷанубу шарқии Душанбе дар хоки Афғонистон будааст. Ба иттиллои манбаъ шиддати ларзиши замин дар маркази он 5 бал ва дар шаҳри Душанбе 2 бал аз рӯйи ҷадвали Рихтерро ташкил додаст.

Ба иттилои манбаъ, заминларзаи субҳи шашуми апрел хисороти ҷониву молие дар пай надоштааст.