баргард чоп кардан

Ховалинг: Гӯшти мурғу моҳӣ фаровон мешавад

Дар ноҳияи кўҳистони Ховалинг моҳипарварй ва паррандапарвариро ба роҳ монданианд.



Дар ин бора Қодир Валиев, раиси ин ноҳия ба «Озодагон» хабар дод. Тибқи иттилоъ, як сокини минтақа бо исми Сайҷамол Шарифов дар майдони 5-гектар аз заминҳои бекорхобида, 4-ҳавзи парвариши моҳиро ба роҳ мондааст. Дар ҳоли ҳозир, дар  ҳавзҳо зиёда аз 4-ҳазор моҳӣ нигаҳдорӣ ва парвариш меёбад. Ҷаноби Шарифов мутмаин аст, ки бо истифода аз тарзи дурусти парвариш, дар кўтоҳтарин муддат ҳам сокинони ноҳия ва низ аҳолии навоҳии гирду атрофро метавон  бо гӯшти моҳии хушсифати маҳаллӣ таъмин намуд.
Зимнан, соҳибкор тасмим дорад, дар кўҳистон соҳаи мурғпарвариро низ ба роҳ монад. Валиев мегўяд, дар ин маврид шароит мерасад ва ҳукумати маҳаллӣ  ҳам барои ҷоннок намудани ин соҳа ба соҳибкор кӯмак хоҳад кард. Райис афзуд, дар ҳоли ҳозир, бунёди як фермаи нав барои парвариши 3.5000 мурғ пешбинӣ гаштааст.