'Хайр'-у 'Регар' дар майдонҳои худ пирӯзӣ ба даст оварданд
Нахустин бозиҳо рӯзи шашуми апрел баргузор ва дар он дастаҳои “Хайр”-у “Регар-ТадАз” дар майдонҳои худ бар ҳарифонашон пирӯз шуданд.
Натиҷаи бозиҳо чунин аст:
“Истиқлол” – “Вахш” -- 0:0
“Хайр” - “Панҷшер” -- 2:0
“Регар-ТадАЗ” – “Хуҷанд” -- 1:0
“Парвоз” - ССКА “Помир” -- 0:0
“Энергетик”-“Истаравшан” -- 0:0
Ду бозии даври дуюм рӯзи шанбе, 13-уми апрел, миёни дастаҳои “Хуҷанд” - “Парвоз” ва “Вахш” - “Хайр” баргузор мегардад. Рӯзи якшанбе, 14-уми апрел, дастаҳои “Равшан”- “Энергетик” ва “Панҷшер” -“Истиқлол” бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард. Оғози ҳамаи бозиҳо -- соати 16:00.
Дар бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон-2013, 11 дастаи Лигаи олӣ миёни ҳам рақобат хоҳанд кард. Дар ҳар давр 7 бозӣ баргузор мегардад. Марҳилаи аввали бозиҳо то 15-уми июни соли 2013 идома меёбад.