баргард чоп кардан

Мақомот монеи сабти никоҳи маҳбуси узбак ва духтари тоҷик шудаанд

Абдураҳмон Қодиров, шаҳрванди Узбакистон, ки дар маҳбаси рақами 1-и Душанбе зиндонӣ аст, аз таъхири сабти никоҳи ӯ бо духтари тоҷик изҳори нигаронӣ кардааст.

Шаҳлола Боқиева, духтари 23-солаи тоҷик ва ҳамсари интихобкардаи Қодиров, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, мақомоти нотариалӣ ва Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои расман ба қайд гирифтани издивоҷи ин ду дилдода чанд мушкилоти сунъӣ пеш меоранд: “Моро 8 моҳ боз мегӯянд, аз нотариус фалон ҳуҷҷат биёред, натариус меравем, мегӯянд, ин хели ҳуҷҷат нест ё мо ин хели ҳуҷҷатро намедиҳем. Намедонем чи хел никоҳамонро расман ба қайд гирем.”

Шаҳлола Боқиева мегӯяд, бо Абдураҳмон Қодиров тавассути як дӯсташ ошно шуда, 8 моҳ қабл дар маҳбасхонаи №1 никоҳ мекунанд, вале ҳанӯз онро расман сабт накардаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ барои ворид шудан ба маҳбасхона ба унвони ҳамсари Қодиров никоҳи шаръӣ кофӣ набуда, маъмурони зиндон ҳамчунин ҳуҷҷати САҲШ-ро талаб мекунанд.

Абдураҳмон Қодировро 9 сол қабл бо ҷурми узвият ба созмони террористии Ҳаракати Исломии Узбакистон боздошт карда, барои 19 сол равонаи зиндон кардаанд.

Ин қиссаи маҳбуси ошиқ дар ҳолест, ки моҳи январи соли равон маҳбуси дигар дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Давлатмурод Ҳалимшоев низ аз таъхири издивоҷаш бо шаҳрванд Ҷиёнбӣ Ҳалимшоева шикоят кард ва бо нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ зада буд. Баъд аз расонаӣ шудани хабари мазкур САҲШ-и шаҳри Қурғонтеппа никоҳи Ҳалимшоевро бо дӯстдоштааш расман ба қайд гирифт.