баргард чоп кардан

Пешниҳоди Хадамоти алоқа барои масдуд кардани порносайтҳо

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз ширкатҳои интернетрасони кишвар даъват кардааст, ки бо истифода аз технологияҳои муосир дастрасии кӯдакону наврасонро ба сайтҳои фаҳшу бемаънӣ ва хусусияти зӯроваридошта маҳдуд кунанд.

Дар иттилоияи Хадамоти алоқа, ки имрӯз, 9-уми апрел, пахш шудааст, ин ниҳод дар баробари зикри ҷанбаҳои мусбати интернет таъкид кардааст, «он бар замми хубиҳо як қатор камбудию норасоӣ ва зарари беандоза ҳам дорад. Ба мисоли сайтҳои фаҳшу бемаънӣ (порносайтҳо), бозиҳои онлайнӣ, зӯроварӣ (экстремистӣ), ки ба мафкураи кӯдакону наврасон таъсири манфӣ мерасонад. Онҳоро аз роҳу равиши одамгарӣ бероҳа месозад, ба зӯроварию куштору дигар корҳои аз одоби инсонӣ берун ҳидоят мекунад.»

Хадамоти алоқа афзудааст, ин ташвиқот ба урфу одат ва одоби шарқиёнаи тоҷикистониён таъсири манфӣ расонда ва ҷавононро аз хондану фикр кардан дур месозад. Бо назардошти ин Хадамоти алоқа пешниҳод кардааст, ки истифодаи интернет дар кишвар аз тарафи наврасони то 16-сола зери назорати қатъӣ гирифта шавад: «Хубтар мешуд, ки имрўз провайдерони мо аз технологияҳои муосир истифода карда, пеши роҳи кӯдаконро аз ворид шудан ба сайтҳои фаҳшу бемаънӣ ва хусусияти зўроваридошта мегирифтанд ва барои кӯдакону наврасон ин намуди сайтҳоро иҷозат намедоданд ва ҷомеаро аз корҳои бемаънӣ эмин медоштанд.»

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл Хадамоти алоқа бо пахши як изҳорот паҳни иттилооти гумроҳкунанда, дурўғ ва ё тўҳматро дар интернет ҷиноят хонда, ҳушдор дода буд, имрӯз ин ниҳод таҷҳизоти муосиреро дар даст дорад ва қодир аст, манбаи иттилооти бардуруғро муайян кунад. Қаблан Хадамоти алоқа дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук ва дигар сомонаҳои иттилоотиро масдуд намуда буд ва то ҳол дар Тоҷикистон дастрасӣ ба ҳудуди 30 сомонаи интернетӣ масдуд боқӣ мондааст. Бег Зуҳуров, сардори ин ниҳод дар суҳбат бо хабаргузориҳо далели масдудиятро дар паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ва нашри шарҳҳои таъқиру туҳматдор арзёбӣ карда буд.