баргард чоп кардан

ФФТ доварони бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамониро тасдиқ кард

Бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе -- 13 ва 14-уми апрели соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Сабқати “Хуҷанд” ва “Парвоз”-ро Раҳмон Муртазоев аз Душанбе доварӣ мекунад.
Ёварони ӯ: Қурбонмаҳмад Каримов ва Сафармаҳмад Шоймардонов (ҳарду аз Хуросон).
Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

Бозии “Вахш” ва “Хайр”-ро Насрулло Кабиров аз (Норак) доварӣ мекунад. Ёварони довар: Комилҷон Қурбонов, Акмал Буриев (ҳарду аз Турсунзода).
Довари эҳтиётӣ: Сайвалӣ Турдиев (Қурғонтеппа).
Нозири бозӣ: Пулод Қодиров (Душанбе).

Ду бозии дигари ин давр рӯзи 14-уми апрел баргузор мегардад:

“Равшан”- “Энергетик”
Сардовар: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе).
Ёварони довар: Холмурод Зардов (Душанбе), Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).
Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Нозири бозӣ: Кенҷа Ҳаитов (Турсунзода).

“Панҷшер” -“Истиқлол”
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Ёварони довар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа), Исматулло Муъминов (Хуросон).
Довари эҳтиётӣ: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).

Оғози ҳамаи бозиҳо: Соати 16:00