Нур Нуров мегӯяд, дар манзили зисташ қарор дорад
Нур Нуров, собиқ додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки дар “қаллобӣ” муттаҳам мешуду ба ҳашт соли зиндон маҳкум гардидааст, дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, сиҳҳату саломат дар манзили зисташ қарор дорад.
Шоҳидони айнӣ низ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ки оқои Нуровро рӯзи душанбеи 15-уми апрел дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе дидаанд.
Ин дар ҳолест, ки бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон Нур Нуров барои қаллобӣ дар қазияи маъруф бо “парвандаи исфарагиҳо” айбдор дониста шуда, 8 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Аммо гуфта мешавад, то замони ҳукми қонунӣ гирифтани ин қарор, Нуров боздошт нашуда, танҳо ҳаққи берун рафтан аз маҳалли зисташро нахоҳад дошт.
Худи Нуров ин ҳукмро шарҳ надод ва нахост дар бораи қазияи додгоҳияш низ суҳбат бикунад. Қаблан, Оҷонсии мубориза бо фасод, Нур Нуровро бар асоси моддаи 4-и банди 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "қаллобӣ дар ҳаҷми калон" муттаҳам карда, Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди преиздент ваколатҳои ӯро қатъ кард. Номи собиқ додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар робита ба парвандаи 33 сокини Исфара дар чаҳор соли пеш расонаӣ шуд, ки 25 тани онҳо бо қарори Нуров равонаи зиндон шуда буданд.
Дар акс: Нур Нуров (Акс аз Би-би-сӣ)