баргард чоп кардан

ФСБ хостори манъи вуруди қаторҳои тоҷик ба Русия шуд

Идораи марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия ё ФСБ пешниҳод кардааст, то замони бартараф шудани як қатор камбудҳои ҷиддие, ки дар қатор ё поездҳои Тоҷикистон ҷо доранд, вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ шавад.

Ин нуктаро Владимир Мочалов, муовини раиси марзбонони Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ), рӯзи душанбеи 15-уми апрел, баъд аз як ҷаласаи сайёр дар истгоҳи роҳи оҳани Астрахан (Аштархон) изҳор доштааст.

Ӯ пешниҳод кардааст, “Вазорати нақлиёт якҷоя бо роҳҳои оҳани Русия ба Шӯрои Иттиҳоди давлатҳои мустақил санад дар бораи қатъи иртибот бо Тоҷикистон тавассути роҳи оҳанро пешниҳод намоянд.” Мочалов зарур донистааст, ин маҳдудият то бартараф кардани камбудҳои ошкоршуда мавриди амал қарор гирад.

Бар асоси иттилои хабаргузориҳои Русия, Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия ва Генаддий Онишенко, сардухтури санитарии Русия аз қаторҳои Тоҷикистон дидан карда, изҳор доштаанд, ки вазъи санитарии онҳо ба одитарин талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд.