Маргумири мардон дар Тоҷикистон камтарин дар Осиёи Миёна аст
Маргумири мардон дар Қазоқистон нисбат ба Узбакистону Тоҷикистон ду баробар зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора дар гузориши Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ки зери унвони “Афзоиши ҷануб” чанде қабл мунташир гардид, хабар дода шудааст.
Дар ин гузориш омадааст, дар соли 2009 омори марги мардон дар Қазоқистон 432 нафар сари 1000 сокини калонсоли ин кишварро ташкил медод. Мизони поини муриши мардон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки ба 183 нафар мерасад.
Дар мавриди марги занон бошад, дар ин раддабандӣ Туркманистон мақоми аввалро ишғол намудааст, ки аз 1000 аҳолии солманд 212 нафар мефавтад. Аз ҳама ҷои пойин насиби Узбакистон шудааст, ки 139 адад мебошад.
Ёдрас менамоем, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон дар нишондоди рушди инсон дар соли 2012 мақоми 125-ро касб намуда буданд, ки ин нишондод нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хеле поин мебошад.