баргард чоп кардан

“Sky Bishkek” Бишкеку Хуҷандро ба ҳам мепайвандад

Ширкати ҳавопаймоии “Sky Bishkek”-и Қирғизистон ба зудӣ парвози ҳавопаймоҳои худ аз Бишкек ба Хуҷанд ва бараъкс аз Хуҷанд ба Бишкекро ба роҳ мемонад.

Торнами расмии фурудгоҳи байналмилалии Бишкек иттилоъ медиҳад, ки парвози хатсайрҳои Хуҷанд-Бишкек дар ҳафта як бор тариқи ҳавопаймоҳои навъи “Saab 340A”-и ширкати мазкур анҷом мешавад.

Гуфта мешавад, ширкати ҳавопаймоии “Sky Bishkek” то кунун дар хатсайрҳои дохилии Қирғизистон фаъолият дошта, танҳо дар ҳафта як бор парвози хатсайри самти Тошканд-Бишкек аз сӯи ҳавопаймоҳои ин ширкат анҷом дода мешуд.