Шамоли сахти шоми 23-юми апрел бархе аз боми манозили баландошёна дар пойтахт ва антеннаҳои моҳвораии сокинонро ба замин афкандааст. Дар пайи ин шамоли сахт ҳамчунин бархе аз дарахтон решакан шудаву гузаргоҳҳоро бастаанд. Харобкориҳои ин шамоли сахтро хабарнигорони “Озодагон” дар чанд гӯшаи шаҳри Душанбе аксбардорӣ кардаанд.