баргард чоп кардан

Аз Амрико барои пайдо кардани Сабинаю Малика таҷҳизоти махсус меоранд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, намояндагони Бюрои федералии тафтишотии Амрико (ФБР) ба ҷараёни ҷустуҷӯи ноболиғон-Аралова Малика ва Аралова Сабина пайвастаанд.

Тавре сомонаи расмии ин ниҳод иттилоъ медиҳад, масъулини ФБР ба гурӯҳи корие, ки бо дастури Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ таъсис дода шудааст, кӯмаки амалӣ-машваратӣ мерасонанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ФБР аз Амрико таҷҳизоти махсуси криминалистиро дастрас мекунад, ки барои пайдо намудани гумшудагон ва шахсони дар кофтуковбуда истифода мешавад.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки бо дастрас шудани таҷҳизоти нав корҳои ҷустуҷӯӣ вусъат хоҳанд ёфт.

Малика ва Сабина Араловаҳо, ки яке чоруним ва дигаре шаш сол доранд, рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16-00, аз кӯчаи Айнӣ бедарак шудаанд. Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин қазияро “доғдоркунандаи миллату давлат” хонда, аз мақомот қудратӣ хост, ҳар чӣ зудтар онро ошкор кунанд.