Хабарнигорони тоҷик аз ёрии Сорос дар рӯзи 3 май даст кашиданд
Чорабинии созмонҳои хабарнигорӣ бахшида ба рӯзи озодии баён дар рӯзи 3-юми май бидуни ёрии молии Институти “Ҷамъияти кушода” ё Бунёди Сорос баргузор хоҳад гашт.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон тасмим гирифта шудааст, то чорабинии мазкур бо пулу кумаки созмонҳои маҳаллӣ баргузор шавад. Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, мегӯяд, аз сабаби норасоии фурсат барои баррасии лоиҳаи Бунёди Сорос, тасмим гирифта шуд, то харҷи қисме аз чорабиниро САҲА ва боқимондаи дигарро созмонҳои хабарнигории мустақил пардохт намоянд.
“Иҷораи бино, таъмини иштирокдорони чорабинӣ бо қаламу варақ, чою қаҳва бар ӯҳдаи САҲА буда, шарикони дигари лоиҳаи мазкур пардохти харҷи дигарро бар уҳдаи худ гирифтанд”,-афзуд ӯ.
Қарор буд чорабинии имсола бахшида ба рӯзи озодии баён бо ҳимояти молии Институти “Ҷамъияти кушода” ё Бунёди Сорос баргузор гардад. Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон “барои баргузории чорабинӣ дархосту эроди зиёде гирифт, ки мо имкони баррасии онро надоштем. Ҳамзамон на ҳама аъзои Шӯрои ВАО бо он эроду дархост мувофиқ буданд.”