Интизории сахти мусофирон дар Маскав ва номаи Абдулло Давлатов
Беш аз сад мусофире, ки бояд соати нуҳуними субҳи 26-уми апрел аз фурудгоҳи Внуковои Маскав ба самти Душанбе парвоз мекарданд, то ҳоло мунтазир нишастаанд.
Бархе аз мусофирон ба “Озодагон” тамос гирифтаву аз он шикоят карданд, ки дар ин муддат онҳоро ду бор ба баромадгоҳи рақами 3 ва 9-и фурудгоҳ бурда, аз санҷиш гузаронданд, вале парвоз сурат нагирифт.
“Масъулони ширкат ба мо гуфтанд, ки парвоз ба таъхир уфтодаасту соати 11:30 сурат мегирад. Вале бо ин ҳол, онҳо рафтори чандон хуб надоранд ва маълум нест, оё ин парвози мо сурат хоҳад гирифт, ё не”,-афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия, дар номае ба масъулони ширкати ҳавопаймоии ЮТЭйр ин бархӯрдро дар ҳаққи мусофирони тоҷик таҳқир хондааст. Давлатов муносибати кормандони ширкатро бо муштариён “масхараомезона” унвон карда, таъкид кардааст, ки масъулин ҳатто дархости мусофиронро барои додани об иҷро накардаанд.
Раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия гуфтааст, ки “моро таҳқир кардаву гуфтанд, ки ба гастербайтерҳо чизе нест! Тақозо мекунам, нисбат ба кормандону намояндагони ширкати худ чораандешӣ кунед!”