Филми “Душанбе, я тебя люблю”: Кӣ чӣ фикр дорад?
Як гурӯҳ ҷавонон тасмим гирифтанд, ки дар бораи пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, филме наворбардорӣ кунанд.
Дар саҳифаи рухномавии (фейсбук) он бо номи “Душанбе, я тебя люблю” (Душанбе, ман туро дӯст медорам) аз истифодабарандагони рухнома хоҳиш шудааст, ки агар нафаре ягон идея (фикр) ё ягон пешниҳоде дорад дар саҳифа бикорад.
Ҷаҳонгир Забиров, яке аз ташкилотчиёни ин идея гуфт: “Мо нақша надорем, ки ягон филми касбӣ ба навор бигирем.Ин як филми ҳуҷҷатӣ мешавад. Албатта ин кори чандон саҳл нест, чун ҳар кас дар ин бора диду фикри худро дорад, ки филм бояд ин ё он тавр шавад. Ва мо ҳам аз мардум ва махсусан аз сокинони Душанбе ҳамин чизро талаб кардем, ки фикру пешниҳодҳои худро ба мо дареғ надоранд. Вале мо кӯшиш мекунем, ки онро ҳатман ба навор бигирем, новобаста аз он, ки ҳеҷ сарпарасте ҳам надорем, ҳатто агар наворро бо ёрии телефони дастӣ бигирем”.
Дар саҳифаи ин филмнома (дурустараш ҳоло як тасмими хуб) чунин навишта шудааст, ки филм дар бораи ишқ, муносибат, эҳсос ва тарзи зиндагии сокинони шаҳри Душанбе хоҳад буд.
Ҳамчунин дар саҳифа омадааст, ки онҳо (тасмимгарон) буҷаи зиёде надоранд, аммо омодаанд ҳамаи даромад аз ин филмро хайр кунанд.
Агар касе пешниҳоде ё фикре барои ин саҳифа дошта бошад, метавонад фикрашро ба нишонаҳои зерин равон кунад:
Емейл: zabirov@admedia.tj
Саҳифа дар фейсбук: https://www.facebook.com/lovedushanbe?fref=ts
Ва ё новобаста ин ракамро бичинаду ҳарфи худро бигӯяд: (+992) 919 16 64 44