баргард чоп кардан

Боздошти 25 намозгузори тоҷик дар Маскав: Вокуниши сафорат

Дар миёни 140 нафари боздоштшуда дар шаҳри Маскав, 25-нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Тибқи иттилои хабаргузориҳои Русия 26-уми апрел, ки рӯзи ҷумъа буд, мусулмонони Русия ба масҷиди Соҳили Даниловская, ки наздики истгоҳи метрои Павелетская ҷойгир аст, мехостаанд адои намоз кунанд. Дар ин асно мақомоти қудратии Русия зери унвони “мубориза бо экстремизм” амалиёт гузаронда, аз ҷумла 25 тоҷикистониро боздошт кардаанд. Айни ҳол тибқи иттилои Идораи бехатарии федеративӣ(ФСБ) 25-нафар тоҷикистонӣ, ки шаҳрвандии Русияро доштанд баъди тафтиш озод шудаанд."

Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар сӯҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, сафорат аз қазия огоҳ аст: “Сафири Тоҷикистон дар Маскав, Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои марбутаи сафорат дастур дод, то ин казияро пайгирӣ намоянд. Эгамзод афзуд, ки “мо бо дарки он, ки солҳои ахир кишвари Руссия, воқеан ҳам бо мушкилоти вобаста ба гуруҳҳои радикалӣ рӯ ба рӯ аст, ин иқдомро ҳамчун як амали профлактикӣ ва тафтишотӣ арзёби менамоем. Умедворем, ки ин амал ҳаргиз ба радду бадали иттилоотии рӯзҳои ахир, ки дар фазои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ба вуқуъ пайвастанд, иртиботе надорад. Сафорат ин казияро низ пайгирӣ дорад.”