баргард чоп кардан

Марде, ки вазирро бо тухм зад, “одами сол” эълон шуд

Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон мардеро, ки сӯйи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар тухм партофт, «Одами сол» эълон кард.

Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон ва Кумитаи мусалмонон оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна зимни изҳороти муштарак ба «ҳолати баланди иҷтимоӣ» доштани амали Андрей Тсуканов ишора кардаанд. Бино ба иттилои расонаҳо онҳо бо ирсоли мактубе унвонии Нурсултон Назарбоев, райисҷумҳури кишвар пешниҳод кардаанд, ки Тсуканов вазири меҳнат ва ҳифзти иҷтимоии Қазоқистон таъин гардида, ҳамчунин бо нишони «Ерлиги ушин» (Барои мардонагӣ) қадр шавад.

Андрей Тсуканов, ки ҳаракати «Коммунистҳои Қазоқистон»-ро роҳбарӣ мекунад, 26-уми апрел дар нишасти хабарие ҷониби Серик Абденов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ду тухми мурғ ҳаво дод. Яке аз тухмҳо ба вазир бархӯрд ва ӯ маҷбур шуд, либосашро иваз намояд. Барои ин амал Тсукановро ҳафт шабонарӯз ба ҳабс гирифтанд.