баргард чоп кардан

Варзишгоҳ барои 5.500 ҷойи нишаст ва бо сарфи 3.500.000 сомонӣ бунёд мегардад

Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сохтмони чанд иншооти иҷтимоӣ ва фаҳангиву иқтисодӣ идома дорад.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», таври мисол дар мавзеи баландкўҳи Шугнов, ки солҳои зиёде бунгоҳи тиббӣ надошту беморон  барои муолиҷа ва ташхис ба маркази ноҳия, ҳудуди беш аз 20 километр роҳҳои кўҳиро бо азоб тай карда мерафтанд, ҳамакнун бо ибтикори як сокини ҳамин мавзеъ Қаландар Одинаев, бунёди маркази саломатӣ ба роҳ монда шуд. Қодир Валиев, раиси ноҳия мегўяд, соҳибкорони ватандӯст дар қаламрави минтақа зиёданд, фақат ба онҳо имконият додан зарур аст, ки нақшаву тарҳҳояшонро амалӣ созанд.

Дар ҳамин ҳол, дар маркази  ноҳия сохтмони як варзишгоҳи нави замонавӣ барои 5.500 ҷойи нишаст бо маблағгузории буҷаи маҳаллӣ ва соҳибкорони Ховалинг ба роҳ монда шуда, хароҷоти умумии тарҳи мазкур 3,5 миллион сомониро дар бар мегирад. Бино ба гуфти ҷаноби Валиев, то имрӯз бо маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд ва ин иншоот то 9-уми сентябри соли равон мавриди истифодаи сокинон қарор мегирад.

Ҳамзамон, бо ташаббуси ҳукумати маҳаллӣ ва маблағгузории аҳолӣ бунёди як мактаб  барои 200 хонанда дар рустои Дустқулӣ, 3-бунгоҳи тиббӣ дар қишлоқҳои гуногун, обёрии рустои Сангдара дар масофаи беш аз 3-километр, бунёди ҳавзҳои нигаҳдории моҳӣ, фермаи мурғпарварӣ идома дорад.{jathumbnail off}