Бахшҳо

Равоншинос: Меҳнат мувозинати рушди зеҳнии кӯдакро вайрон мекунад

Нилуфари КАРИМ

Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 10 миллион кӯдак дар хонаю кӯча дар шароити вазнин, ҳатто ғайри инсонию ғуломона кор мекунанд, ки аз се ду ҳиссаашонро духтаракон ташкил мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо нистбати кӯдакон муносибати нораво ва ҳатто маҳрамона дида мешавад.

Агарчи дар бештари мамолики ҷаҳон қонунгузорӣ фаъолияти меҳнатии кӯдаконро манъ кардааст, аммо дар амалия равиши татбиқи талаботи қонунгузории меҳнат мелангад.

Шароити вазнини зиндагӣ, ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ, камбуди даромади калонсолон ва мушкилоти сохтори ҳифзи иҷтимоӣ дар кишварҳои гуногун сабабҳои аслии ба меҳнат рӯ овардани кӯдакон мегардад.

Дар баробари ин баъзе корфармоён кӯдаконро ҳамчун қувваи кории арзон ҷалб карда аз камдонишию бетаҷрибагии онҳо сӯиистифода мекунанд.

Сайфиддин Расулов,
мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, меҳнати кӯдаконро аз нуқтаи равоншиносӣ чунин баҳо дод: “Ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб кардани ноболиғон масъалаест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамчун масъалаи фарогири рӯз қарор дорад. Саволи матраҳ ин аст, ки чаро мо ин масъаларо ҳамчун доғи рӯз баррасӣ мекунем? Магар меҳнати ноболиғ зарар аст? Тибқи қонунгузорӣ ва эъломияи байлалмилаии ҳуқуқи кӯдак то 18 солагӣ муайян шудааст. Фаъолияти пешбарандаи муассир ба рушди ҷисмонию равонии кӯдак дар давраи томактабӣ бозӣ буда, баъд аз он фаъолияти таълимӣ аст. Ва дар ҳамин замина аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ рушд мекунанд. Худи инкишофёбии шахсият, дар марҳалаҳои гуногуни ҳаётӣ, қонуниятҳои муайяни худро дорад, ки бояд дар мувозинати муайян бошад.”

“Вақте ки шахс дар давраи наврасию кӯдакӣ ба меҳнат ҷалб мешавад, дар воқеъ ин мувозинат вайрон мешавад ва пӯшида нест, ки вайрон кардани мувозинат ба рушди фикрии кӯдак бетаъсир намемонад. Албатта, ба меҳнат ҷалб кардани кӯдакон зарур аст, аммо он меҳнат бояд аз меҳнати калонсолон фарқ дошта бошад, сарбории зиёди ҷисмониро талаб накунад ва бар чунин шакле бошад, ки масъулияти бевоситаи натиҷаи кор ба зиммаи кӯдак набошад. Зеро ин метавонад кӯдакро ба ҳолатҳои гуногуни стрессӣ ва руҳафтодагӣ гирифтор кунад, ки ин ихтилофҳои гунонуни равониро ба вуҷуд оварданаш мумкин аст”
, - афзуд ӯ.

Дар робита ба ин, Созмони ҷаҳонии кор дар ҳисоботи солонаи худ, суханони Констанс Томас, раҳбари барномаи байналмилалии СҶК оид ба решакан намудани меҳнати кӯдакро меорад, ки гуфтааст, "аксари онҳо ба хушунати физикӣ, равонӣ ва ҷинсӣ гирифтор шуда, корфармоён бештар онҳоро аз чашми мардум дур нигоҳ медоранд, то комилан аз лиҳози равонӣ онҳо вобаста ба корфармои худ бошанд."
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)