Бахшҳо

Оҷонсии фасод аз иттиҳомоти нав алайҳи Зайд Саидов хабар дод

Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн бо пахши як иттилоия аз "ҳолатҳои нави содир шудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини коррупсионӣ аз ҷониби Зайд Саидов ва ҳаммаслакони ӯ" хабар дод.

Ин ниҳод мегӯяд, нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 19-уми июни соли 2013 бо аломатҳои моддаи 247, қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи нав оғоз карда шуд.

Дар иттилоияи пахшкардаи Оҷонсии мубориза бо фасод иттиҳомоти нав алайҳи Саидов чунин оварда шудаанд:

"Моҳи октябри соли 2005 шаҳрванди Қазоқистон Окушев Серикбол Тулеханович - яке аз соҳибкорони муваффақи Қазоқистон, бо мақсади саромоягузорӣ дар истихроҷи коркарди тилло ба Душанбе омада, бо шаҳрванди Тоҷикистон Бобоев Далер Ҷӯрақулович, ки яке аз одамони эътимодноки Зайд Саидов буд, шинос шуд. Бобоев Далер дар навбати худ Окушевро бо собиқ Вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов дар утоқи хизматии охирон шинос намуд, ки дар он ҷо Зайд Саидов ҳуҷҷатҳои геологии кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба сармоягузор Окушев барои омӯзиш дод.

Окушев С.Т. ҳуҷҷатҳоро ба сармоягузорон-роҳбарияти бонки «Турон Алем»-и Чумҳурии Казоқистон пешниҳод намуд, ки онҳо баъди омӯзиш, барои сармоягузории ояндадор ба маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ мактуби кафолати сармоягузории бонкиро доданд. Моҳи январи соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҳангоми мулоқоти навбатӣ Окушев С.Т. мактуби кафолатии номбурдаро ба Саидов Зайд дод.

Саидов З. бо мақсади ғаразнок, бо суиистифодаи ваколатҳои мансабӣ, барои иҷрои амали муайян, яъне мусоидат намудан дар гирифтани иҷозатномаи Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон барои истихроҷи кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнӣ сараввал аз Окушев С.Т. маблағи 700 ҳазор доллари амрикоиро ба сифати пора талаб намуда, моҳи феврали соли 2006 ҳангоми дар шаҳри Алма-атаи Чумҳурии Казоқистон карор доштанаш дар ҳамиштирокии Бобоев Далер аз Окушев ин маблағро шахсан мегирад.

Тахминан моҳи июни соли 2006 Зайд Саидов аз маблағи гирифтаи пора конеъ нагашта Окушевро аз нав ба Душанбе даъват намуда, аз ӯ иловатан барои ҳалли масъалаи гирифта додани Иҷозатномаи дар боло зикршуда боз оварда додани 800 ҳазор доллари амрикоиро ба сифати пора талаб намуд.

Дар чунин ҳолати ногувор Окушов С.Т., бо назардошти он, ки аллакай маблағи 700-ҳазор доллари амрикоиро дода буд ноилоҷ розӣ шуда, ҳамзамон аз Саидов Зайд кафолати иҷроиши амали муайяни дар боло зикршударо хоҳиш намуд. Зайд Саидов ба сифати гарави иҷрои ӯхдадории дар назди Окушев С.Т. ба зимма гирифтааш, ҳуҷҷатҳои ЧСШК «Тоҷикатлас»-ро, ки қаблан аз зердасташ собиқ директории ЧСШК «Химзавод»-и шаҳри Исфара Чураев Низомхон ба сифати пора гирифта буд ба Окушев С.Т. пешниҳод кард.

Минбаъд Саидов Зайд малбағи 800-ҳазор доллари амрикоии ба сифати пора талаб намудаашро дар чанд лаҳза шахсан ва тавассути ҳаммаслакаш Бобоев Далер аз Окушев С.Т. гирифт. Дар маҷмӯъ Саидов Зайд аз Окушев С.Т. маблағи пораро ба миқдори 1-миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ҳамчун Вазири саноати Чумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани лоҳиаи қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд мусоидат менамояд.

19 июни соли 2013 оиди ҳолати мазкур нисбати Саидов З.Ш. ва Бобоев Далер Чуракулович бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 бандҳои «а,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои гирифтани пора, аз ҷониби шахси мансабдори давлатии Чумҳурии Тоҷикистон, шахсан ва ба воситаи миёнарав, такроран ба миқдори калон пешбини менамояд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати Бобоев Д.Ч. низ чораи пешгири дар шакли ба ҳабсгири татбиқ карда шудааст.

Ғайр аз ин Саидов З.Ш. авалҳои соли 2011 дар Федератсияи Россия дар шаҳри Москва бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, такроран, ба миқдори махсусан калон бо шаҳрванди Украина Корецкий Иван Владимирович шинос шуда ба охирин худро ҳамчун тоҷир вобаста ба сохтмонҳои бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ ба боварии Корецкий И.В. даромад.

Минбаъд Саидов Зайд бо суиистифода аз боварии Корецкий И.В.моҳи майи соли 2012 дар шаҳри Москва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр аз Корецкий И.В. маблағи 1070000 (як миллиону ҳафтод ҳазор) доллари амрикоиро гӯё ба сифати қарз гирифт. Баъдан моҳи декабри соли 2012 Саидов З.Ш. аз маблағи 1070000 доллари амрикоии гирифтааш, маблағи 300000 (сесад ҳазор) доллари ИМА-ро ба Корецкий И.В. дар шаҳри Москва баргардонида боқимонда 770000 доллари амрикоиро тассаруф намуда, онро ба манфиатҳои шахсии худаш сарф намуд.

Дар натиҷа Саидов З.Ш. бо чунин ҳаракатҳои ғайриқонунии худ ба шаҳрванди Украина Корецкий И.В. зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонид."


Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, тафтишоти пешакӣ аз рӯи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд.
Мӯҳр
"Офарин" кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод бо як дуруги навбатии Шумо нисбати Саидов Зайд аст мардум бовар намекнад

кулоб сити
Офарин" кормандони Оҷонсии мубориза ман то ин вакта фикр мекардам ки Зайд Саидов бегунох аст акнун фахмидам ки Зайд Саидов гунахкор буааст гунахкор бояд назди конун ба чавоб бигуяд!

Бехабар
Ачаб дуруге! Охир масъалаи гирифтани пора факат бо исботи далели шайъи кабул карда мешавад. Агар ин органхо хоста бошанд сад каси дигарро меебанд, ки ба Зайд Саидов тухмат мезананд. Аммо бовар дорам, ки хеч кас ба ин дуругхо бовар намекунад, факат обруи хукуматро мерезонанду халос!

Ачаб тухмати фаромоши. Шарм доред коркунони очонсии зидди фасод! Шахрвандон ва сохибкорони Чумхурии Украинаву Казокистон ахмак нестанд,ки ришваи бо маблаги гарон ба як нафари мансабдори точик дихад. Агар хамин тавр хам мебуд онхо хакки худашонро хамон вактхо талаб карда мегирифтанд, хукукашонро аз мову шумо бехтар медонанд. Бехтараш барои равшани андохтан дар ин масала ба шохиди харидор ва сохибмулки хакикии хамонвакта Дилшод Рахимовро таклиф менамудед. Ёин,ки тарсидед,ки тухматхои бардуругатон ошкор мешавад? Дур нест он рузе,ки АДОЛАТ галаба мекунад ва метарсам,ки он вакт худатон дар назди конун ба чавобгари кашида шавед.

Digar yagon durughi osmonie paydo nashud, ki shumo chunin tuhmatro ba barodari tojiki hud mebanded. oburui Tojikistona rezondi Ojonsii ziddi fasod. kadome az shumo misli Zayd Said sari saghiraro sila kardaed, kadome az shumo ba bevayu bechora kumak kardaed, kadome az shumo dasti aftodaro giriftaed, shumo hudaton fasod kored. Zayd Said bo un chand sarmoyaguzoroni horiji vatani shumora obod kardaast. Imruz shumo ba u tuhmat mezaned. hej vaqt farumush nakuned,ki Hudovand ba u dodaast va uro dust dorad, chunki u mayub astu modarzod. Ruze oyad ki hudo shumoro mezanad.

фирдавс
Кормандони корупсия ягон дуруги замини тухмат кунед ягон кас бовар мекардагист Кормандони корупсия шумо бояд дар точиккино е дар голивуд кор ва фаъолият кунед . Аз шумо сенаристои хуб мебароя дар жанри фантастика.

чаро то ин дам аз ин порагирии ин нафар дар хеч кучо харфе зада намешуд аммо имруз ки нафар мехохад сатхи зиндагии мардумро бо таъсиси хизби чадид бехтар намояд, чурмхову гуноххояш руи об баромаданд.....
озоди бахонаи тафтиш пеш наору ин назари маро чоп кун то хамагон бидонанд ки дар чигуна давлат хаёт ба сар мебаранд, дар давлати демократи.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)