Эълони номи номзади нахустин ба мақоми Омбудсмен
Ба мақоми омбудсмени Қирғизистон нахустин нафар номзадиашро эълон кардааст.
Тавре аз парлумони Қирғизистон ба бахши русии “Озодагон” иттилоъ доданд, то ҳол номзадии худро ба мақоми омбудсмени ин кишвар Омурбек Рускелдиев эълон дошта, ҳуҷҷатҳояшро ба парлумон пешниҳод кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки парлумони Қирғизистон баъди бо аксари орои намояндагони мардумии қирғиз ба истеъфо фиристодани Турсунбек Акунов, омбудсмени ин кишвар аз холӣ будани ҷои корӣ ба ин симат хабар дода буд.
Ба иттилои манбаъ, пешниҳоди номзадҳо ба мақоми омбудсмени Қирғизистон то 15-уми августи соли ҷорӣ идома ёфта, моҳи сентябр парлумони ин кишвар омбудсмени навро эълон хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |