Бахшҳо

Мадҳу санои Эмомалӣ Раҳмон дар таронаи овозхонҳои тоҷик

Маҳбуби ГАНҶААЛӢ

Дар мавриди маддоҳони шоҳон аз таърих зиёд хондаем. Шоирони дарборӣ ба ҷуз аз васфи подшоҳ ва тақдими байту ғазалу қасида ва достонҳо гӯиё кори дигаре надоштаанд.

Бахше аз он тавсифномаҳо то замони мо ҳам расидаву ҳифз шудаанд. Мутаассифона фиттаву CD ва DVD набуд, то бишнавему бубинем, ки оё сарояндаҳо дар васфи шоҳ чӣ таронаҳое мехонданд. Аммо мо ин ифтихорро дорем, ки барои наслҳои оянда дарза-дарза кассетаву дискҳоро бо таронаҳое дар ситоиши президент ба мерос бигзорем.

Дар таронаҳои тоҷикӣ президент шоҳ хитоб мешавад. Ӯро баъзан имому пешво ҳам мегӯянд...

Ин ҷо танҳо чанд таронаро мисол мезанем ва мутмаинем, Шумо низ тариқи телевизионҳои давлатӣ аз чунин сурудҳо зиёд шунида ва дидаед. Аз клипҳо бо ширкати раисиҷумҳур зиёд гуфтаанд ва мо ба ин мавзӯъ дахл нахоҳем кард. Ҳарчанд дар арафаи интихоботи президентӣ шумори чунин тарона ва клипҳо ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Бештари таронаҳои тавсифӣ дар авҷи бунёди сохтмони “Роғун” тавлид шудаанд. Он замон фазои шоу бизнес “роғунистон” шуд. Бештари сарояндаҳо таронаи “Роғун” мехонданд ва ин сурудҳоро кормандони ТВ бо навори президент орову торо дода, дар эфир пахш мекарданд. Ба шарофати “Роғун” орзуи чанд сароянда ҷомаи амал пӯшид ва сурудаш аз тариқи ТВ пахш шуд. Таври маълум матнависон дар бисёре аз шеърҳои худ президентро васф мекарданд, ки маҳз ба шарофати ӯ Роғун сохта мешавад.

Исроил Файзиддинов, як овозхони таронаҳои мардумӣ дар суруди «Роғун» мехонад,

“Бар давлати раҳмонӣ аҳлона камар бастем,
Аз давлати раҳмонӣ дилшоду дигар ҳастем
Бунёди ту, эй Роғун, бунёди ватандорист,
Аз неъмати раҳмонӣ, озод зи хатар ҳастем.”

Гуруҳи «Ҳамроз» дар таронаи маъруфи «Номуси ватандорӣ» мехонад:

“Бархез ба сар кун ҳамватан тоҷи каёнро,
Бархез дифоъ кун, ин хоку заминро.
Баъд аз ҳазор сол саҷда намудӣ,
Додаст Худованд барот тоҷу тавонро.”
(Шояд мегӯед, дар ин тарона ба ҳамаи ҳамватанҳо ишора шудааст, аммо вақте клипи онро тамошо мекунед, маълум мешавад, ба кӣ хитоб мешавад, ки “тоҷи каён”-ро ба сар гузорад. Гузашта аз ин шоирони мо “дифоъкунандаи замин” гуфта танҳо ба президент хитоб мекунанд)

Шаҳроми Абубакр, овозхони поп ҳам дар як тарона «Шукрона мекунам ман ба аҳди сарвари хеш» мехонад. Дар репертуари Хосияти Зарафшонӣ, Миралӣ Достиев ва Ансамбли “Ориё” ҳам чунин сурудҳоро мешавад пайдо кард.

Худобиёмурз Зафар Нозим ҳам дар таронаи “Ҷонам ватанам” чунин мисраъҳоеро замзама кардааст:

“Ҷонам ватанам гавҳари покизанишонӣ,
Бо сарвари некахтари хеш вирди забонӣ.

Бо сарвари фарзона ҳама рӯ ба ниёем,
Дур аз амали фаслгаҳи макру риёем,
Озодиву озодагии мост муқаддас,
Аз қавми суханпеша яке аҳли зиёем.”

Таронаи дигари Зафар Нозим ҳамон маъруф ба “Эй сарвари ман” аст, ки баъдан аз сӯи фарзанди бузургаш - Ҷовидон Нозимов бозхонӣ шуд.

Амрихудо дар суруди “Тоҷикистон” мехонад, ки:

“Тоҷикистон нурборон шуд дигар чашми нами ту,
Шаҳсаворе кард эҷодат зи ҳар бешу ками ту.”

Афзалшоҳи Шодӣ бошад, дар як таронааш президентро имоми миллат мегӯяд:

“Зиндаву поянда бодо, халқи мо бо сарвараш,
Тоҷикистон каъбаи мо, ӯ имоми миллат аст.”

Пас аз он ки аз тариқи шабакаи “К+”-и Қазоқистон навори тӯйи писари Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд, дар интернет суруди наве ба сайр даромад. Дар навори видеоие, ки пораҳое аз рақси президент дар тӯйи Рустамро намоиш медиҳад, суруди “Шоҳи мо омаде, подшоҳи мо омаде” садо медиҳад. Он аз тавсиф дида, ба киноя наздикӣ дорад. Бархеҳо мегӯянд, ин тарона махсус ва барои ҳамин навор таҳия шудааст. То кунун маълум нест, хонандаи он кист.

Дар баробари ҳамаи ин дар интернет ягон-ягон таронаҳои зидди Эмомалӣ Раҳмон низ мавҷуданд, ки аз сӯи хонандаҳои рэп суруда шудаанд.
Мӯҳр
Дарвеш
Калимаи Шох ё Подшох дар кишвархое,ки дар ончо,тибки Сарконун рохбари мамлакат, Президент ном бурда мешавад, истифода бурдан дар вакти нутк кардан,чоиз нест. Президенте,ки тибки Сарконун ,аз тарафи кулли мардум дар интихоботи шаффофу демократи интихоб карда мешавад.,бояд нагузорад,ки уро Шох ё Подшох ном бубаранд,чун,ки ин мукобили Сарконун мебошад. Таърифу тавсифи бисёр хам нисбати Рохбарон ун кадар хуб нест, дар онхо худкомагиро ба вучуд меоварад. Ба
хамааш мардум дар оянда бахо хоханд дод.

Дар мамлакати мо ин корхо муд (мода) шудааст.

донишчу
хайр хеч гап не мардуми бадахшон алохазрат огохони чорро эмоми замон этироф мекунанд. мардуми дангара хазратшона.

КАНЕЧНО ВАЗИФАДОРАНД, КИ МАХДУ САНОЯШ ХОНАНД БАРОИ ОНЕ, КИ ВАТАНАМОНРО ШУКРОНИЗАЦИЯ КАРД. ОБОДИ НЕСТ БАРОИ ВАЙРОНИ ШУКР ГУЕД..
АСЛАН КАЛИМАХОИ "САНО ВА МАХД" ИН ХОСИ ХУДОВАНДАНД Ч, Ч..... ЧАРО БАРОИ КАСЕ, КИ ХЕЧ ОБОДИ НАКАРДААСТ ИСТИФОДА МЕБАРАНД....

Rustam Rustamov,
baroe ki tu kur shudai namebini obodiro. yo dar vatanat nesti.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)