Бахшҳо

Мушкили раиси Қубодиён бо “37-38-ум пушти ҳазрати Муҳаммад”

Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, талоши онҳо барои дар роҳи дуруст андохтани ду-се хонаводаи деҳаи Қизилнишон, ки аз онҳо ба унвони “ифротгаро” ном бурда мешавад, бенатиҷа будааст. Ӯ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳатто баргузории маҷлису ташкили консертҳо барои коҳиш додан ё куллан барҳам задани таъсири чунин нафарон дар Қизилнишон кумак накардааст.

“Қизилнишон бисёр деҳаи хуб аст. Як-ду одами ҷавонмарг дорад, ки ба Ҳаракати исломии Узбакистон дохил шуда, дар онҷо иғво меандохтанд. Инҳо як авлоде будаанд, ки пеш аз револютсия аз Тошканд омадаанд ва худро 37-38-ум пушти ҳазрати Муҳаммад (с) медонанд. Бесавод нестанд, арабиро хуб медонанд, аммо гаправанд. Касе гӯяд, ки ин сиёҳ аст, ба сиёҳ мечаспанд. Дар байни мардум чанд бор маҷлис гузаронидем, онҳоро ба консертҳо меорем, телевизиони Тоҷикистонро тамошо карда наметавонистанд ва фақат телевизиони Узбакистонро тамошо мекарданд. Аз давлати Хитой 10 ҳазор антена овардем ва як қисмашро ба онҳо бо нархи арзон: 16-сомонии додем ба онҳо, то ақаллан забони давлатиро омӯзанд ва сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонанд”,-афзуд ӯ.

Дар се соли ахир 31 шахси маҳкумшуда ба зиндон ба далели ҳамдастӣ бо гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбакистон дар Тоҷикистон сокинони ноҳияи Қубодиён, ба вижа деҳаи Қизилнишон будаанд. Ғайр аз ин, 28 сокини дигари ҳамин ноҳия, ки аксари онҳо низ аз деҳаи Қизилнишон ҳастанд, бо далели фаъолият дар гурӯҳҳои ифротӣ дар зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.

Ба ақидаи коршиносон, ҳарчанд раиси навтаъини ноҳияи Қубодиён дар аксари самтҳо комгор гаштааст, аммо то ҳол натавонистааст ифротгароиро дар ин деҳа аз байн барад. Ва ба гуфти коршиносон, сабаби асосии ба кори дигар гузаронидани собиқ раиси ноҳия - Абдулмуъмин Улфатов низ маҳз ҳамин паёмадҳои деҳаи Қизилнишон будааст.
Мӯҳр
УЗБАКОРА ХИЧИ НАГУЙ, ХАЗРАТИ МУХАММАД(С)-а хам УЗБАК МЕБАРОРАНД. ЧИ ХЕЛЕ КИ ДАЪВО ДОРАНД, КИ АБУАЛИ СИНО УЗБАК БУД.

Озодагон озод бош!!!

Умар
Миллатчиги накун,мо МУСЛИМИН хастем,

Хамин узбаку худошон аз манкурхто ва мугул пайдо шудаги кофта бурои 200 сола нестан ино кучои Хазрати Мухаммад с.а.в. кучо )))) Хандаам меояд Енди мен тажикча билмасиз хахахахах))))

сомони утари нагу охи бегназаруф як пуштш калукай меган бо хафа нашава

Бекор
Раиси сода!
Онҳоро ба консерт не, ба ягон маҳфили шабнишинӣ даъват карда, мисли Ислом Ако (Каримов) саҳар дигар ғайб занондан даркор. Вассалом!!

Dev
Agar ba hosti Tojikiston zindagi karda natavonand pas rohishon kunand ba uzbakiston ! Jo az rohhoi soli 30-um istifoda kunand...

Муслим
Хатои шумо раисхо ана дар хамин аст, ки фикр мекунед бо раксу суруд метавонед мардумро аз акидаашон гардонед. Ин шармандаги аст, ки дар асри 21 раиси як нохия чунин сухан мегуяд. Ман агар ба чои раиси чумхур мебудам барои ин гапатон шуморо то охири умратон аз мансабхои давлати махрум мекардам. Шумо бо ин коратон сирри хукумататонро фош кардед, яъне бо рохи баргузории консерт мардумро аз акоидашон дур мекунед. Э баракалло сиёсати хирадмандона! Ана як рузи дигар домуллохои мухтарами дарбории дар назди президент доду вой кардаро ба консерт даъват кунед то хамрохи шумо ракс кунанд.То бо ин рох пеши рохи ифротагроиро гиред.

Агар тавонед ин бокимондагони авлоди чингизро бо алафи газак майда -майда сузонда нест кунед. Вагар на дур нест мегуянд точикон аз кавми узбако пайдо шудаанд. Ин вокеъи аст. Холо аз хама тараф кам-кам хоки поки мукадаси зархези моро ба гил гардонидаанд. Ояндаро интизор шавед, хушёр бошед, зиракиро аз даст надихед, ин кавм дар байни мо мисли оташанд на дусту карину хамватанбарин....................

журналист
Бародар! Ин авлод чи "ифротгарои" кардаанд ки онхороо ифроти мегуед? мувофики конун шахси ифротгаро дар махбас менишинад ва фикр мекунам агар аз тарафи ин хонавода коринодурусте сар мезад хатман макомот онхоро дастгир мекард. Барои чи онхоро ифроти мегуед дар холе ки ягон кори ифротиашонро инчо кайд намекунед?!

Хаким
Озодагон озод бош, аммо ичоза надех, ки аз тарики назаргуихои ин сомона ба фитнаву игво ва махаллпарастию миллатчиги рох дода шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)