Бахшҳо

Раҳмон дар бораи озодии дин, Иди Фитр, худнамоӣ ва исроф

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, давлат ва ҳукумат озодии дину виҷдон ва эътиқоди сокинони мусалмони кишварро кафолат медиҳад. Вай ин ҳарфҳоро рӯзи ҳафтуми август ҳангоми қироати паёми телевизиониаш бахшида ба Иди саиди Фитр ё Рамазон баён дошт.

Оқои Раҳмон дар ин паёми худ моҳи мубораки Рамазон ва Иди саиди Фитрро аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси диниву миллии мардуми мусулмони мо номида ва гуфт, ин ду “беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва талаби аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд.”

“Дар ин рӯзи саид аз Парвардигор оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро барои мардум ва кишвари худ талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик мебошад”,-афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати табрикотиаш ба мардуми кишвар гуфт, “мо бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне некиву накӯкорӣ, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем.”

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, фазилат ва ҳикмати дигари иди саиди Фитр, ки ҳамчунин муҳиму арзишманд мебошад, расидан ба қадри неъмат ва шукргузорӣ аз он аст. “Ин фазилати бузург моро водор менамояд, ки шукронаи неъматҳои ба мардуми мо насибгардидаро ба ҷо оварем”,-таъкид дошт ӯ.

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон субҳи рӯзи ҳаштуми август бо гузоштани намози ид дар масоҷиди ҷомеаи кишвар оғоз меёбад. Ин рӯз дар тақвимҳои Тоҷикистон бо хатти сурх ё қирмиз ишора шуда, рӯзи таътил мебошад.
Мӯҳр
Рустам
Худнамои ва исрофи мансабдоронро мо бор бор аз тарики телевизиони К+ тамошо карда будем. Илтимос моро ба холи худ гузоред, фарханги одамияту исломият дар хуни халки мо азали мебошад.

Ман.
Огои рахмон чиро харфат ба корат зидияти мжихад? О мегуи мо бояд бо якдигар мехру шавкат дошта бошем. Пас чаро шайкаи шайтонсифатхоят болои аъзохои хизби нахзат фишори хайвонсифативу берахмиро афзал мебинанд? Дигар бо афсонахоят мардуми мусалмонро фиреб накун. Офтобро бо чома пушонидан намешавад.

юар
Ое худи чаноби раиси чумхур ба намози ид мерафта бошад?

Собир
Э Шумо нахзатихо дар чони хама задед! Безор кардед! Чи ин кадар аз худатон "бут" метарошед! Шумо дигар кор надоред, ки рузи дароз сайт хонда мешинед! Бас аст аку сиёсатбози! То кай дар чомаи дин тафрика андохта мегардед! Мангаред, ки мегуяд як бор нигаред чи мегуяд! Шумо хазорон чавононро 20 сол гуррамарг кардед, Магар ин чохилияти Шуморо ба домон пушонда мешавад?

Анас
Агар мо вокеан мусулмони хакики бошем барои чи дар иди мусулмонон ки хамаги ду ид дорем рузи истирохат як руз аст,аммо дар иди зардуштихо навруз бошад то як хафта истирохат аст.Сабабаш дар чи бошад?

Ман.
Эй собир. Ман нахзати наям ман халкиям лек аз халки буданам шарм мекунам. Чунки хамаи беимонхо хамин хизби халкида аъзоян. Ман аз инчо гурехта наметавонам. Ман алхамдулиллох имон дорам барои хамин аз ин хизби нахзат пуштибони хохам кард.

Эй Собир хар шахсе,ки аз цахони Интернет истифода мебарад нахзатияй? Шарм намедори ба бародарои Нахзати тухмат мезани? Хар сухане мезани фардо масъул хасти аз Худо тарс тафрика наандоз.

Фирдавс
Е собир ту чи гуфтанта медони йо холохам дар хоби гафлати агар хов боши дасту руятро шуй то ин ки ба худ бийои худованд чазои тубаринора дихад

ташакури зиед аз номи мохам ба шумо табри ин иди фитр

Ташаккури зиёд ЧАНОБИ ОЛИ, ба Шумо низ муборак бод иди Сайиди ФИТР!!!

Мусалмон
Фахмо Фахмо Чаноби ОЛи, монанди Туйи худатон бе исроф ва бе худнамои

Сайфуллои химатзода
Онхое, ки назари худро ифода кардаанд, хамаашон як нафаранд. Ин хам бошад, косалесе чун додшкаи Атола. Рахмонов шуморо боакл кард. Одам шиден. Факат як кор шумода нафорид ки танзим шуду хаки шумо пеш аз маърака дигар намеояд. Муфтхури ба охир расида истодааст. Рахмонов мегуяд, ки муллоги касб нест. Дар ягон чо кор кунед. Лекин шумо пули хароми хоричаро гирифта, эрону москва ва арабистон рафтана барои хиёнаткори ай даст додани нестен. Ана барои хамин чонтон зада мебароя. Лекин киссаи шумо ба охир расидааст. Худо нишонтон дод. Агар савод дошта боши, болои дастархони туи бачаи президента нигох кун, чени як обеде ки шумода хоричиё ташкил мекунанд, кимат надора. Бехуда барои тухма калон кардан зур назанен.

Саҳми Призидентамон муҳтарам ҷаноби олӣ Эмомали Рахмон дар ободии Тоҷикистон

ману ту
собир тра Худо задаст ба худ биё бародар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)