“Имрӯз” дар 6-умин солгардаш Хоруғро ҳам тасхир кард

Имрӯз соати 9-00 радиои “Имрӯз” пахши барномаҳои худро дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон оғоз кард, ки ба рӯзи таҷлили 6-солагии ин радио рост омад.
Назири Нусрат, муҳаррири радиои мазкур дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки бахшида ба 6 солагӣ бахши радиои “Имрӯз” дар шаҳри Хоруғ фаъол шуд. Ба гуфтаи Назири Нусрат бахшида ба ин сана, “имрӯз дар Хоруғ ва 11-уми август дар шаҳри Душанбе консерти идонаи гуруҳи “Барака”, ки махсус аз ҷониби ширкати “Ориёно медиа” аз кишвари Латвия даъват шуданд, баргузор мегардад.”
“Имрӯз”, нахустин радиои сирф тоҷик дар мавҷи кутоҳ аст, ки шаш сол пеш фаъол шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба машҳуртарин радиои Тоҷикистон табдил ёфт. Айни ҳол гуфта мешавад, он маъруфияте, ки ин радио қаблан дошт, аз байн рафтааст. Аммо Назири Нусрат дар ин маврид назари дигар дорад: “Дар мавриди фаъолияти ин радио дар гузашта ва ҳозира ҳар кас ҳақ дорад, назари худро баён кунад. Аммо ман фикр намекунам, ки радиои мо маъруфияти худро аз даст дода бошад. Пахши барномаҳои мо чи гунае, ки 6 сол пеш буд ҳамон хел истодааст. Баръакс теъдоди шунавандагони мо нисбат ба солҳои пештар зиёд шудаасту кам не.”
Маврид ба зикр аст, ки 9-уми августи соли 2007 аввалин радиои сирф точикӣ руйи мавҷи кутоҳи 107,4 fm барномахои худро пахш карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |