Ҳиндустон “Гран-при”-и фестивали “Шарқ тароналари”-ро бо худ бурд
Нуҳумин ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Шарқ тароналари» дар Узбакистон анҷом ёфт.
Ин ҷашнвора бо ширкати намояндаҳои 52 кишвар дар шаҳри Самарқанд ҳудуди як ҳафта идома дошт. Гран-прии фестивал насиби ҳунармандони Ҳиндустон шуд. Мутрибон ва овозхонҳо аз Буркино-Фасо ва Афғонистон мақоми аввалро касб карданд. Намояндаҳои Хитой, Бритонгиёи Кабир ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми дуюм нишаста, ҳунармандони Узбакистону Ҷопон зинаи сеюмро ба худ ихтисос доданд.
Бино ба хабарҳои расида, даҳумин ҷашнвораи «Шарқ тароналари» соли 2015 дар Самарқанд мегузарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |