Вазир хост, теъдоди пулисзанҳо дар Тоҷикистон бештар шавад
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар мулоқот бо як ҳайати сафорати Амрико дар Душанбе тадбиқи лоиҳаи “Пурзӯр намудани нақши пулисзанҳоро дар Тоҷикистон” баррасӣ кардааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ хабар доданд, Рамазон Раҳимов изҳор доштааст, ки талош мекунад, ҳар чӣ бештар ба кор дар мақомоти пулис занҳоро ҷалб кунад. Вазир изҳор доштааст, ки тавассути ҷалби занҳо ба вазифаҳои масъулиятнок саҳмашонро дар фаъолияти пулис бештар менамояд.
Ӯ иттилоъ додааст, ки айни ҳол 11 дарсади ҳайати кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва 87 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда қарор доранд. Аз ҷумла Рамазон Раҳимов таъкид намудааст, ки айни ҳол 9 нафар зан дар ВКД рутбаи полковникӣ ва 71 нафарашон подполковникиро доранд.
Роберт Берҷес, ноиби сафири Амрико дар Тоҷикистон изҳор доштааст, ки минбаъд ҳам талош мекунад, Вазорати умури дохилиро дар ин самт ва самтҳои дигар дастгирӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |