Бахшҳо

Волидайн ба ҷои фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

Прокуратураи ноҳияи Қубодиён Маърифат Маматоваро барои барқасдона монеъ шудан ба таҳсили фарзанди 12-солааш дар мактаби ҳамагонӣ муттаҳам шумурда, мегӯяд, вай моддаи 41-уми Конститутсияи Тоҷикистонро, ки таълими умумии асосиро ҳатмӣ медонад, поймол кардааст.

Ба гуфтаи Қудратулло Ҳақназаров, муфаттиши прокуратураи Қубодиён, алайҳи Маърифат Маматова тибқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Абдулазиз Маматов, писари Маърифат, ки як сол боз аз таҳсил канор мондааст, ба гуфтаи прокуратура, ҳоло аз барномаи таълимӣ ақиб монда, ҳарфу ҳиҷоро дуруст хонда наметавонад. Худи М. Маматова мегӯяд, азбаски бекор асту шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, бо кӯмаки писараш рӯзгор пеш мебарад. Аммо вай афзуд, писараш як муддат бемори бистарӣ буда, сабаби аслии ба мактаб нарафтанаш ҳам ҳамин будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран прокуратураи вилояти Хатлон алайҳи волидоне, ки фарзандони ноболиғашонро аз мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон гирифта, ба мадрасаҳои исломии хориҷи кишвар фиристодаанд, панҷ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Мушкили аз мактабҳои дунявӣ канор мондани ноболиғон мақомоти ҳукумат ва ниҳодҳои интизомии Хатлонро нигарон кардааст. Ба иттилои мақомоти милиса, танҳо аз ноҳияи сарҳадии Панҷи вилояти Хатлон 80 духтари ноболиғ бо баҳонаи таҳсил ҳоло дар Афғонистон ба сар мебаранд ва аз сарнавишти онҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори бехабарӣ мекунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)