Чиноиҳо ба Facebook дастрасӣ хоҳанд дошт, аммо...
Пекин тасмим гирифтааст, масдудият ба як қатор торнамоҳои интернетии ғарбиро, ки қаблан дастрасии шаҳрвандонаш ба он номумкин буд, бекор намояд.
Рӯзномаи "Саут Чайна морнинг пост"-и Гонконг навиштааст, интизор меравад, дастрасӣ ба Facebook, Twitter, шакли электронии "New York Times" ва чандеи дигар мумкин шавад, аммо танҳо дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Шанхай (МОИШ). Ба ин ҳол МОИШ нахустин қисмати аз “киберсензур” озоди Чин хоҳад шуд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ширкатҳои мухобиротии хориҷӣ дар ин минтақа ҳаққи хизматрасонии интернетӣ ба истифодабарандагонро хоҳанд дошт.
Аввалҳои соли 2013 маркази давлатии интернетии Хитой аз тасмими масдуд кардани 30 ҳазор аккаунти истифодабарандагони блог ва микроблог, ҳамчунин 225 интернет-сайтҳо хабар дод.
Интернет соли 1994 ба Хитой роҳ ёфт ва то охирҳои соли 2011 дар ин кишвар беш аз 513 миллион истифодабаранда ба цайд гирифта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |