Бахшҳо
02 окт 2013 12:48Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Нозирони САҲА: “Мо фақат изҳорот медиҳем, дахолат намекунем" (ВИДЕО)

14 нозири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки барои назорати фазои пешазинтихоботӣ ва баъд аз он вориди Тоҷикистон шудаанд, ба кори худ оғоз карданд.

Ба қавли Параскива Бадеску, раҳбари ин ҳайат, чанд рӯз пеш аз интихоботи президентӣ боз 150 нозири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Вай гуфт, “гурӯҳи мо кормандони варзида ҳастанд ва онҳо дар интихоботи кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок дошта, таҷруба доранд.”



Параскива мегӯяд, онҳо аз ҳоло дар бораи шаффоф ва ё ношаффоф гузаштани интихоботи президентӣ пешгӯӣ намекунанд. Фақат, ба гуфтаи ӯ, онҳо ҷараёни маъаркаи интихоботро назорат бурда, баъдан хулосаи худро дар гузорише баён хоҳанд дошт: “Мо дар инҷо танҳо мебинем, ки то кадом андоза интихобот аз рӯи меъёр баргузор мешавад. Мо бо ҳизбҳои сиёсӣ ҳам мулоқот анҷом хоҳем дод. Ҳамзамон мониторинг аз рафти фаъолияти расонаҳоро мегузаронем. Аслан ин аввалин интихоботе нест, ки мо назорат мебарем. Ҳадафи мо дахолат кардан не, назорат аст.”

Як намояндаи ин ҳайат ҳам дар суханронии худ гуфт, то кадом андоза ба талабот ҷавобгӯ гузаштани интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз инҷо вобаста аст, на аз онҳо.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. То ҳоло ҳафт нафар ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ эълон шуда, машғули ҷамъоварии 210 ҳзаор имзо ба тарадфории худанд. Ҷараёни баргузории ин интихоботро ҳудуди 700 нозир назорат ва баъдан бардоштҳои худро дар гузориш ва ё нишастҳои хабарӣ эълон хоҳанд кард.
Мӯҳр
салимбек
хамин 150 нозир ва боз намедонам 200 ё 500 нозири дигар аз кадом хисоб дар Точикистон мемонанд. зеро на мушохидаашон кадр дораду на суханашон. чи дар кор ин кадар харачот . дилам сахт ба миллатам месузад. чорае надорам ба чуз ох гуфтан .

Мо хам хуб медонем, ки аз дасти Бадиску Параскева чизе намеояд, чуз як тамошои Точикистон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)