Бахшҳо

Ҷавоб ба матлаби “Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон”

Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ доир мегардад. Дар ҳошияи он алоҳида ашхос мекӯшанд, ки бо истифода аз озодии сухан масоили доғи рӯзро яктарафа ба қалам дода, мардумро ҷониби иштибоҳ баранд.

Мақолаи охирини Ҳумайрои Бахтиёр таҳти унвони Аз интихобот то интихобот: Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон (Сомонаи «Озодагон», 28 сентябр 2013) маълум аст, ки ба баҳсҳои интихоботӣ равона шудааст, вале билкулл якҷониба иншо шудааст.

Ҳумайрои Бахтиёр бояд медонист, ки аз рӯи принсипи касбият, меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, кодексҳо ва дигар санадҳои байналмилалӣ рисолати аслии соҳиби ин пеша инъикоси воқеъбинона, мунсифона ва ҳаматарафаи ҳодисаву рӯйдодҳост. Ҳумайрои Бахтиёр мақолаашро «Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон» номидааст. Мутаносибан, ӯ бояд дар баробари «камбудӣ»-ҳое, ки меоварад, ваъдаҳои додаву иҷрошударо низ нишон медод.

Ҳумайрои Бахтиёр менависад, ки «мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ кишваре амнияти ғизоӣ дорад, ки агар 70 дар сади мардум бо маҳсулоти дохилӣ таъмин бошанд. Дар Тоҷикистон акси ин муқаррарот дида мешавад, ки бо ин вазъияти бахши кишоварзӣ даст ёфтан ба амнияти озуқаворӣ имконнопазир аст: 60- то 77 дарсади маҳсулоти ғизоӣ аз хориҷа ворид мешавад». Номбурда ин рақамҳоро бо истинод ба Зулфиқори Исмоилиён меорад.
Аҷиб, хабарнигор далелеро пеш меорад аз забони шахсе, ки аз соҳаи иқтисодӣ дур аст ва мисли худаш журналист аст. Нафарест, ки боре дар самти иқтисодӣ таҳлили амиқу ҳамаҷониба анҷом надодаву наметавонад анҷом дод, чунки мутахассиси соҳа нест.

Тавре аз навишта бар меояд, Ҳумайрои Бахтиёр ҳафтаҳои охир дар ягон бозори шаҳри Душанбе набудааст. Зеро агар ба дилхоҳ бозори пойтахт ворид мешуд, медид, ки картошкаи Покистону Афғонистон, пиёзи Русия, ки муаллиф зикрашон кардааст, шояд ҳатто барои «доругӣ» ёфт намешаванд. Тамоми бозорҳо бо картошка, пиёз, сабзӣ, себу анор, ангуру тарбузу харбуза, тамоми намуди меваю сабзавоту полезӣ лабрезанду навиштаи муаллиф ва ақидаи коршиноси ӯ комилан ғалат мебошанд. Магар ин фаровонӣ самараи сафарҳои доимии Сарвари давлат ба манотиқи гуногун ва тавсияҳои ӯ дар хусуси рушди соҳаи кишоварзӣ нестанд?

Тарафи дигар масъала ин аст, ки сиёсати тамоми давлатҳои минтақаю ҷаҳон дар асри 21 бо назардошти вусъати муносибатҳои тиҷоратӣ поягузорӣ шудааст ва табодули мол миёни кишварҳо ҳарчи бештар шавад, ҳамон қадар ба манфиати давлату миллат аст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ, бозгӯи ҳамин ҳақиқат аст. Ҳатто ин тарафи масъала низ хато будани ақидаи хабарнигору коршиносашро собит месозад.

Ҳумайро бо такя ба гуфтаҳои «коршиносаш» менависад: «Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки чор соли охир бозорҳои кишвар комилан бо маҳсулоти воридотӣ пур шуда, ҳоло бештари меваву сабзавот истеҳсоли Покистону Афғонистону Хитой аст». Истифодаи калимаи «комилан»-ро чӣ гуна метавон пазируфт? Бо кадом мақсад ин калима истифода шудааст? Агар далеле ҳаст, чаро мушаххасан оварда нашудааст, ки фалон бозор комилан бо маҳсулоти хориҷӣ пур карда шудааст? Фикр ҳамеша бо далел бикр мегардад.

Агар хабарнигору коршиносаш ба фаҳми иқтисодӣ мерасиданд, ба рақамҳои расмӣ сар мезаданд ва ҳамчун журналист, ақаллан барои муқоиса меоварданд. Маҳз барои онҳо ёдовар мешавам, соли 2012 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид. Дар маҷмуъ, ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4600 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011-ум 17,7 фоиз зиёд аст.

Ҳумайрои Бахтиёр менависад: «Тавре, ки 7 сол қабл мардум бо реҷаи махсус бо барқ таъмин буданд, ҳамоно таъмин мешаванд».
Бо чашми ҳақиқатбин ба масъала бингаред! 7 сол қабл маҳдудияти барқ чи қадар буду аз кадом моҳ оғоз мегардид ва имрӯз чӣ? Танҳо дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар се неругоҳи хурди барқи обӣ ба истифода дода шуда, дар маҷмуъ шумори нерӯгоҳҳои хурд ба 305 адад расид. Ин нерӯгоҳҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 11,7 млн. кВт/ соат неруи барқ истеҳсол карданд, ки қариб талаботи солонаи минтақаҳои алоҳидаро таъмин мекунанд. Бунёди НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2, оғози НБО «Роғун» ва ғайра, магар иҷрои воқеии ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон нест? Дар самти иқдомҳои Сарвари давлат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мисолҳо ҳазорҳоянд, вале зикри ҳамаи онро зарур намешуморам. Ҳар фарди солимақл худ мебинаду қазоват мекунад.

Ақидаи ғалати дигари Ҳумайрои Бахтиёр нисбат ба фаъолияти Президенти ҷумҳурӣ ин аст, ки гӯиё ӯ натавонистааст кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонад. Вай менависад: «Печидатар гардидани бунбасти коммуникатсионӣ. Мутаассифона, дар ин бахш низ мо ба муваффақият нарасидем. Баръакс, назар ба соли 2006 аз соли 2009 вазъи иртиботи кишвар мушкилтар гардид».

Гӯиё муаллиф ба ҷуз ноҳияҳои тобеи марказ ба ҳеҷ манотиқи дигари кишвар сафар накардааст, вагарна ба ҳеч ваҷҳ ин гуна наменавишт. Ӯ ҳатто дарак надорад, ки шимолу шарқи кишвар давоми ним сол бо марказ пайвастагӣ надоштанд. 7 сол пеш, мардуми вилоятҳои Суғду Бадахшон наметавонистанд, ҳатто тавассути роҳи ҳавоӣ ба маросими тӯй ё ҷанозаи наздикони хеш раванд. Оё ин ҳама фаромӯш шуд? Агар шумо фаромӯш кардед, миллат фаромӯш намекунад. Кушодани нақбҳо, бунёд ва таҷдиди роҳҳои мошингард, сохтмони пулҳо ва амсоли инҳо магар талош барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ нест? Ин ҳама натиҷаи ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мардуми тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба осонӣ дар тамоми фасли сол бо ҳам иртиботи доимӣ доранд. Чунин хизматҳои шоистаро дидану пазируфта тавонистан лозим.

Мавриди зикр аст, ки бонуи муҳтарам хешро журналисти варзида пиндоштаву ин ҳамаро ба риштаи таҳлил кашидааст, чаро аз бунёди корхонаҳову дастгирии рушди соҳибкорӣ ҳарфе нанавишта. Бо иқдомҳои созандаи Президент Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон садҳо корхонаҳои хурду бузург бунёд шуда, рушди соҳибкорӣ ҳамаҷониба дастгирии амиқ меёбад. Зарур намешуморам, ки ҳар яки онро инҷо дарҷ намоям, зеро ҳамагон, бахусус Ҳумайрои Бахтиёр худ шоҳиди зиндаи бунёдкориҳову созандагиҳо ва рушду нумӯи Тоҷикистонанд. Фақат ҳаминро гуфтаниям, ҳар назаре ба масъала бояд ҳирфаӣ бошад, на сарсарӣ.

Иқтисодиёт майдони шеърбозию руҷӯи лирикӣ нест. Таҳлили иқтисодӣ далелу исботро металабад, аз ҳар касе, ки назари хайр ба масъала дораду мехоҳад ба манфиати миллату давлати хеш хизмат кунад. Мушкилро меёбад, исбот мекунад ва роҳи рафъашро тавсия мекунад. Бо даромадан ба як бозор, ки он ҳам маълум нест кадом, кӯшиши таҳлили вазъи иқтисодии кишвар ва гузашта аз ин баҳо додан ба фаъолияти Сарвари як давлат, фақат як ҳақиқатро бозгӯи мекунад. Муносибати сарсарии масъулини сомона ё расонаи хабарие, ки чунин маводро интишор месозанд. Дар кишварҳои мутараққӣ чунин матлаб ҳатман дар паяш ҷавоб мехост, ҷавоби ҳуқуқӣ ва ҳатман боиси муфлисшавии чунин расонаҳо мегардид. Аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии чунин иқдомро ҳатман таъқиби журналисту сомонаю рӯзнома талаққӣ мекунанд. Оё беҳтар нест, ки худ ислоҳгари хатои хеш бошем.

Қодир АМОНОВ,
коршинос
Мӯҳр
ИЛХОМИ
Аввалан дар Точикистон аз 305 НХБО-и мавчуда хамааш кор намекунанд, агар Вазорати энергетика гуфтани бошад ки дуруг аст фактхои амикашро биёрат бо бахс карда, далелхои иловагиро меорем. Баъд ташакур ба коршинос КОДИР АМОНОВ барои посухаш, зеро матлаби Хумайрои Бахтиёрро манам хонда будам ва берун аз талаботи мавчудаи соха навишта буд, ки аз камсаводи ё хадафи дигар доштани мухтарама журналист шаходат медод, Аз чунин тахлил бар меояд, ки Зулфиқори Исмоилиён низ коршиноси сари табак аст.

Ланганбардори ва хок зани дар чами мардум руи рост..аз афтат малум ки вазифа дори ... як чизро фаромуш накун Кодир Амонов барои хукумат хаминаш кофист ки 2 милион шархванди Точикистон аз ватан берунанду гуломанду саргардонанд ва хаминаш кофист ки ба хар як рейси Руссия як мурдаи Точики чавони ба ормону хаваси дуне нарасида равона мегардад ба ватан барои ба хоки ватанаш супоридан..дар инаш ки чавоб мегуяд ? вазифаи мукаддаси Президент ин химоя аз сарконун ва тамини иктисоди, амнияти кишвар ва дифои шахрвандонаст..дар тули 20 сол ягон чи аз ин вазифахои бар душ доштааш ичро накард..хатми нест ки бокимондаи 4 милион буда хам мухочир шаванду тарки ватан кунанд!!!

А
коршиноси мухтарам бо гуфтани камбуди,камбуди ислох мешад.бояд ба мисли хумайрои бахтийор камбудихоро гуфт на факат таьриф.хол он.ки дар хакикат ин камбудихо хастанд ва боз як кас камбудие гуфт вайро хомуш кард чунки чиноят аст дар мо,.

"Фабрикаи чавоб" кор даромад. Ин коршиносро бори аввал номашро мебинам ин аз кучо буромад? Коршинос инрохам бидон, ки дар давлатхои мутаракки ба ин хад ваъдахои 3 сол пас 4 сол пас 5 сол барки доими мешад гуфтани рохбарро тахаммул намекунанд ва медони инхел рохбарро чикор мекунанд? Фахмиди. Аммо токат сабр тахаммул гуфта омада истодаем. Ин хукумат миссияш тамом шудудаги ба мо хукумати нав чахонбини нав лозим аст. Ман 100 дар 100 чонибдори ободии Ватан хастам аммо ба ту КОРШИНОС мегуям ин хукумату ин рохбарият дигар ин муаммохоро хал карда наметавонанд хатто то с 2020. Агар насиб то онруза зинда бошем саломат мегуям.
PS: Хато накунам соли 2006 буд Чаноби Оли гуфта буданд: "Мо баъди 4 сол ба истиклолияти энергети мерасем" Ин мардумро дигар бо гап ва бо дуруг фиреб накунед, ки окибати хуб надорад. Мухтарам КОРШИНОС КОДИР АМОНОВ ин ВАЪДАИ ЧАНОБАТОНРО ЧИХЕЛ ШАРХ МЕДИХЕД? Ё мегуед, ки Ман хато фахмидам Чаноби Оли 4 сол нею 40 сол гуфта бошанд!? Ха?

manon
хамаи навиштахои Хумайра дуруст мебошанд. Камбудихо хали худро дар 20сол наефтанд.

Курбонали
Хумайрои Бахтиер сад дар сад рост мегуяд

2 милион ахолиро куваи кориро хама чавононро мухочир кард магар ин пешрави ва ваъдаи приздент 2006-2013 нест ойе шумо ин пешравиро намебинед? Хамаи тунелу роху купрукхо бо карз сохта шудаанд боз аз лаби карз хукматдорон хонахову дачахои ду се ошена ва мошинхои кимат савор мешаванд ин пешрави нест е шумо намебинед? малиму духтуру мухандису шоиру олиму окил ру ба мухочират овардаанд ин пешрави нест? тунели анзоб мисли гур торик дар гузаштанаш одам карибки мемурад ва нафаре фавтида буд ин пешрави нест? рохро ба ширкати ирс дода пулаки кардан ки пул ба чазираи верчинио меравад магар пешрави нест? фасодкориву корупсия ба дарчаи аъло магар ин пешрави нест? мардуми як минтака дар сари вазифаанд олиму профессор шудаанд ин пешрави нест? рузи сиеху торики мардум пешрави нест? поймолии хукуки шахрвандон набудани озодии сухан ва матбуот ин пешрави нест танзими расму оин ман кардани то 18 сола ва коркунони давлати ба мвсчид ин пешрави нест? сол ба сол бад шуда шарту шароит хизматрасонии тиббию машварати хешутаборбози вазифахари тухмат ин пешрави нест ва бисер пешравихое ки приздент чаноби Эмомали Рахмон овард чаро нодида мегиред ва бисер пешравихо дар ният дорад дар 7 соли оянда амали гардонад шумо хамаи ин хизматхоро нодида нагиред бисерашро ман номбар накардам зеро худ чашму акл доред дида истодаед...

сабур
Туборе ба бозор рафтаи ,картошкаи покистон шафтолуи хитой балгари эрон харидаи дарбораи мачмуи махсулоти дохили ин сифрхои худат овардаги хамаш статистикаи дуруг аст агар як руз воридоти пули мухочират кат шавад тамоми дорои ба ягноб меравад

Ин ҳам боз аз Фабрикаи ҷавоб?!!
Қодири гиромӣ, Тоҷикистон расман ва дар ягон ҳуҷҷати расмиаш сарвар надорад! Тоҷикистон президент ва раиси Ҳукумат дорад.
Корхонаҳое, ки мегӯянд, инсофан моли дигаронанд ва президент бо буридани лентаи ифтитоҳӣ онҳоро дар чашми мардуми ба ҳукумат сабт кардааст-дар асл воқеият чизи дигар аст!
Бозорро мардум аз ин коршиноси навбаромаддида хубтар медонанд...лофҳои беҷо дар хусуси истиқлолияти энергитиқӣ назан Қодирҷон!Курбонали,

Чаноби Қодир АМОНОВ барои мардум фарк надорад, ки махдудияти барк аз кадом мох сар мешавад ваъда ин буд, ки аз байн меравад. Агар худатон зиёд не 1руз дар рузхои сарди зимистон бе барк монед, тифли навзодатонро хамсаратон дар торики бо азоб хеста шир дихаду аз кафои гармкунии хона шавад, алови тамом шаваду почахакотон ях кунад бад мефахмед азоби мардума.

тоҷик антилақай
Бунёди НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2, оғози НБО «Роғун» ва ғайра, магар иҷрои воқеии ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон нест? Дар самти иқдомҳои Сарвари давлат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мисолҳо ҳазорҳоянд, вале зикри ҳамаи онро зарур намешуморам. Ҳар фарди солимақл худ мебинаду қазоват мекунад.

ин НБО ҳои гуфтагит (мо бо чашми худ мебинем боз чигуна далел мехоҳи) фақат Ҷаноб ифтитоҳ мекунад 3 руз паз аз кор мемона ё оби дамбашудааш тамом меша. бра бин агар дуруғ буд бо биё ҷавов навис уртоқ фабрикаи ҷавоб!
танҳо дигаргуни ин буд ки экспорти аробакаш туалетшувак ва куллан ҒУЛОМ 100 % афзоиш ёфт

Шавкати Мухаммад
Дуруст аст, ки баъзе нишондодхои пешрави хастанд. Аммо гап дар сари онаст, ки хамин нишондодхо мардумро конеъ кардаст ё не?. Санаи мухочирон кам шудааст ё не?, Корупсия боло рафта истодааст ё поин?, сохти давлатдори ру ба демократия оварда истодааст ё авторитаризм?, Конститутсия ва конунхо ичро шуда истодаанд ё зери по шуда истодаанд?, Дар точикистон кадри конун баланд аст ё фармони мансабдор?, Накбхои мошингузари зикркардаатон мардуми аст ё пулаки?, Дар зиндонхо махбусони сиёси зиёданд ё мучримони дигар?, Тазйику фишор болои дигарандешон магар нишонаи пешравист? Нагуед, ки хамин суханхои шумо магар нишони озодии шумо нест. То ин хад озодиро мо нохун ба нохун сохиб шудаем хазорхо шахид додаем ва дода истодаем. Агар мувофики таби дили Шумо хукуматихо хомуш бошем руз аз руз болои мардум савор шуда. ин сабру тахаммули марджумро ба умеди ояндаи нек шумо кудрати худ гумон карда истодаед

Одитарин кас
Чавоб ба Кодир Амонов, Эй бародар хамон факту ракамхое, ки ту меори асос надоранд. Он хама маълумот ба давлат аз нохияхо дуруг (бо нишондоди зиёдати) мерасад. Масалан тахминан 5 сол кабл раиси вакти нохичи Чиргатол Абдурахмонов ба сарвари давлат 65 хазор тонна картошка дар як сол ваъда карда буд. Акнун ту бигу дар Чиргатоле, ки аз он пштархам кариб ки картошкапарвари бархам хурда буд 65х тона картошкаро аз кучо пайдо кард ва ба давлат супуранд? боз ингуна маълумотхои дуруги туро ман бисёр (Дар мавриди пахта, ангур) ва дигар махсулотхои дохили дорам аммо инчо гуфта натавонистам. Агар донам, ки худи ту инро мехони ва дар хаминчо чавоб дода метавони, ман таёрам бо ту бахс кунам. Ту ба фикроам кадом як шикамсер (албата манбаи даромадат хам маълум) хасти, ки аз холи мардуми одди хабар надори (аниктараш дидан наметони). Рости хамин сол аз тарси гаронии нархи махсулоти дохилии ту мегуфтаги бо сери руи ангуру тарбуз ва помидору бодиринг ва гайраро надидем. шахсан ман аз ин махсулоте, ки ту бо дахони пур "дохили" мегуи ва аз маслихатхои ту борин коршиноси бехабар аз ахволи мо мардуми одди безорам.

Точик, аввал ин ки шумо боз шарм намедоред ки мегуед 2 мил точик дар мухочиратаст аз ин ду мил медонед ки чанд фоизаш чавононе хастанд ки аз хизмати ватан мегурезанд,ва медонед ки чанд фоизаш сохиби малумоти олиианду бо сабаби маоши паст кор намекунанд,агар дар инчо савол гузори ки чаро маоши паст чавобаш ин ки хукумати чангзадаи точикистон буджети давлатро аз 0-саркардааст ва ба зур маоши буджетникоро дода истодааст ва сохтани заводу фабрикахои бузург кудраташ намерасад.ва мисоли одди хамсоя давлати мо Узбакистонро бубин тамоми заводу фабрика истехсоли нафт дорад боло аз ин чанги шахвандиро аз сар нагузаронида аст медоники чанд маротиба аз точикон узбакхо дар мухочиратанд,ман хам яке аз 2-мил мухочирон хастам харгиз аз хукумати имруза гиламанд нестам.

Исфараги
Чаноби Кодир дар хакикат бори дигар исбот кардед,ки коргарони фабрикаи чавоб шахсони бесаводанд.Аз руи гуфтахои шумо мантикан бемаъни ва бе факту далел будани гуфтахоятон ошеор мегардад!Якумаш ин,ки он картошкаю дигар озукае,ки шумо номбар кардед тнаанхо барои 2-3 мох лозим хастанд.Холо,ки мавсими картошка хаст албатта таи чвнд мохаке картошкаи Точикистон кифояги мекунад,аммо бо боварии комил гуфта метавонам,ки баъди соли нав картошкаи истехсоли Точикистонро бо микроскоп низ намеёбед.Себу Нокхои истехсоли ватаниро низ...Тамоми омори ин хукумат сафсата аст.Дар бораи Коммуникация шумо булбулакони хукумати доим давраи шуравиро ёдовари мекунед.Аммо аз хотир мебароред,ки дар замони шурави мо дар дохили як давлпт будему бо воситаи узбекистон рохи замини вучуд дошт ва барои накб кушодан заминае вучуд надошт!Он ду накбе,ки бо пули карз дар муддати 21 сол сохта шуд дар микёси ДАВЛАТИ ХЕЧ АСТ!Ахли фахм медонанд,ки бо бахонаи ин ду накб чандин млн доллар ба "офшор"рафт...Масъалаи рохи пулакиро низ тамоми мардуми точик аллакай медонанд.Рохе,ки боз бо пули карзе,ки ба номи мардуми точик гирифта шудааст сохта шуд ба як "нафар" падарка шудаасту,компанияи ай аз тамоми андоз озод буда хатто ягон ухдадорие нисбати баргардонидани карзи давлати надорад.Функцияи вай танхо чамъъ кардани пули муфт.Рохе,ки бо технологияи натарин сохта мешаад таи 20 сол таъмири чиддие талаб намекунад ва инро тамоми мутахасисон медонанд.ИРС аз хаво аз мардуми худ пул мегирад.Боз карзро дубора аз хисоби буча яъне кисаи мардум ба Хитой бармегардонанд.Барои пур кардани буча бошад хукумати мухтарам Рахмон руз аз руз андозу чаримахо ва госпошлинахоро зиёд карда истодааст.Умуман азифаи президент ба фикри шумо чист?Он кореро,ки Рахмон ичро мекунад хатто 1 процент аз вазифахои БОЯД ичро мекардаи у нест!Дар муддати 21 сол хтто як иншооте аз ъхисоби буча сохта нашудааст.Карзи давлати бошад аллакай аз 2 млрд доллар гузаштааст!Пасттарин маош,пасттарин нафака,паттарин дарачаи зиндаги,пасттарин иктисодиёт,пасттарин нишондихандаи системаи маориф....фасодзадатприн давлат дар микёси СНГ а дунё...2 млн ахоли мухочир,ин аз руи омори чахони дар чахон аз руи проценти мухочирон Дар чои АВВАЛ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)