Бахшҳо

Абдуғанӣ Мамадазимов: “Орзу дорам, мардумам озод бошад”

Имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ 50-солагии суханронии машҳури муборизи шинохтаи амрикоии зидди нажодпарастӣ -- Мартин Лютер Кингро васеъ ҷашн гирифт.

Ӯ дар суханронии худ “Ман ормон дорам!”, ки 28-уми августи соли 1963 дар назди муҷассамаи Авраам Линколн дар вақти роҳпаймоӣ барои озодӣ ва ҷойҳои нави корӣ буд, ормони худро эълон кард. Ин суханрониро Мартин Лютер Кинг ба баробарҳуқуқии нажодии сафедпӯстон ва сияҳпӯстон бахшида буд.

Хонандаи азиз метавонад ба муаллиф эътироз кунад, ки ин масъала ба Тоҷикистон, ки кулли аҳолиаш намояндаи як нажод аст, чӣ аҳамият дорад ва ё ин масъалаи мубрами рӯз нест. Лекин бояд гуфт, ин суханронии машҳури фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии амрикоӣ дар 50 соли мавҷудияти худ аз чорчӯбаи мубориза бар зидди нажодпарастӣ берун омада, ба яке аз шиорҳои ҷунбиши ҷаҳонии мубориза барои ҳуқуқи башар табдил ёфт. Ӯ дар аввал таъкид карда буд, ормони ӯ қисми ҷудонашавандаи «ормони амрикоӣ» мебошад.

Дар соли гузашта дар вақти ивазшавии роҳбарони сиёсии давлати Хитой, роҳбарони нави ин кишвари ҳамсоя оид ба «ормони хитоӣ» эълон карданд. Ба назари мо, мавҷудияти ормони ягонаи умумимиллӣ насиби танҳо давлатҳои бузург ва пешбар набуда, он метавонад барои дигар халқҳо ва кишварҳо, ки дучори мушкилоти зиёд ҳастанд, масъалаи мубрами рӯз бошад. Чунин ормон барои кишвари камбизоати мо, ки ҳокимияташ аз тарафи гуруҳи кӯчак (тавассути фалсификатсияҳои натиҷаҳои эълони иродаи халқ дар интихоботи қаблӣ) тассаруф шудаааст.

Ин тассаруф паёмади хубе надорад, ки ҳама хатарнокаш нерӯ ва кӯшишҳои умумимиллии мардуми қадими тоҷикро танг намуда, имкон намедиҳад, миллат ҳамқадами замони имрӯза бошад. Барои ҳамин, мехостам ин ҷо ормони худро барои эҳёи шӯҳрати халқи озодихоҳ ва мағрури тоҷик эълон намоям.

Ормони ман он аст, ки дар Тоҷикистони озод, чун дар давраҳои шоҳ Анӯшервони Одил, оилаҳои ноқис (нопурра) набошад. Ормони ман ин аст, ки ҳар як оилаи тоҷик, навбунёд ё кӯҳан, аз падар ва модари дӯстдошта иборат бошад. Онҳо якҷоя, такя ба якдигар, фарзандони худро тарбия намуда ба воя расонанд. Падар ва модарон бояд дар маҳалли зисти худ – дар деҳа, шаҳр ва ноҳияи худ (на дар муҳоҷирату ғуломӣ) кор карда, моҳонаи хуб гиранд, шабҳо ба хонаи худ баргарданд ва машғули тарбияву омӯзондани ҳаматарафаи фарзандон бошанд.

Ормони ман ин аст, ки ҳар як оилаи тоҷик маорифпарвар бошад ва чун дар давраҳои гузашта, дар атрофи дастархони пур аз нозу неъмат ва бо меҳмонон, баҳсҳои шоирона бо қироати ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Аттор, Хайём, Пушкин, Ҳёте, Иқбол, Лоиқ ва садҳо шоирони тоҷик ва аҷнабӣ баргузор намояд. Дар ҳар хонавода баҳсҳои орифона ва олимона дар атрофи ашъори инъикоси тасаввуфи Аттор ва ашъори пур аз ишқу муҳаббати Умар Хайём бошад.

Ормони ман ин аст, ки тоҷик ҳарчи зудтар аз психологияи (рӯҳия) ғуломона ва ҳисси нобоварӣ ба шахсият ва иродаи худ (образи Одина) халос ёфта, дар ботини худ ҳисси озодагонро (образи шоҳ Ҷамшедро) аз нав парвариш намояд. То як тоҷик тавонад бар зидди ҳамаи мушкилиҳои зиндагӣ мавқеи устувори худро дошта, ӯро бо субот ҳимоя намояд. Тоҷик ғуломи тақдири худ не, балки соҳиби он бошад. Ӯ бояд зудтар аз зону задан бархезад. Аз норозигӣ ва эътирози ҳуҷрагӣ (хонагӣ) халос ёфта, фикри худро озод баён намояд, аз ҳокимияте, ки дар хизмати ӯст, ҳаққи худро талаб кунад.
Ормони ман ин аст, ки мактаби тоҷик ба як ҷойгоҳи муқаддаси дарёфти дониш табдил ёбад. Он ба мавзеи намоиши либосҳои нав ва чизҳои қимматбаҳои фарзандони оилаҳои бодавлат табдил наёфта, баръакс ба макони мусобиқаи ҳақиқии насли наврас барои донишҳои нав ба нав ва муосир мубаддал гардад. Насли навраси мо обрӯи анъанавии тоҷиконро чун дорандаи зиё дар Осиёи Марказӣ буду насли ман аз даст дод, аз нав эҳё намояд.
Ормони ман ин аст, ки донишгоҳҳои мо аз «макони гурезаҳои артиши миллии Ватан» озод шаванд. То дигар ҷавоне боқӣ намонад, ки бо итмоми донишгоҳ иншое дар мавзӯи озод навишта наметавонад ва ин ҷавон ба қатори муҳоҷирони меҳнатӣ шомил нагардад.

Ормони ман ин аст, ки дар донишгоҳ барои устодон ва профессорони фасодзада, ки донишҳои бо зудӣ ҷамовардаро чун моли камёби худ барои харидор - шогирдон пешкаш менамоянд, дигар ҷо набошад. Донишгоҳҳои мо бояд таҷрибаи мадрасаҳои ниёгон, ки ба онҳо намояндагони минтақаҳои дур низ шомил мешуданд, аз нав эҳё намоянд. То ҳар донишҷӯе, ки баъди хатм қисми донишашро бо эхтироми хосси худ нисбат ба устоди зиёии тоҷик ба ватанаш мебурд, дубора зинда кунад.

Ормони ман ин аст, ки ҳокимияти давлатии мо чун «модари ӯгай» мардуми тоҷикро ба «худӣ» ва «бегона» аз рӯи маҳал, муносибат ба фасод, ба роҳбар тақсим накарда, хамаи мардумро чун як оилаи ягона, ки маъсулияти баробар барои бунёди Ватани босубот ва тараққикарда дошта, бояд эътироф намоянд. Натанҳо фарзандони роҳбарони олимақом чун фарзандони имтиёзнок, балки фарзандони кули шаҳру ноҳияҳо чун фарзандони дӯстдоштаи давлат қабул карда шаванд.

Ормони ман ин аст, ки тоҷикон, яке аз халқҳои бунёдкори давлат ва давлатдорӣ дар дили Шарқ буда, тавонанд дар оянда давлатдории миллии худро ҳифз намоянд. Халқи ман, ки зиёда аз 27 давлати мутамарказ бунёд шудаву онро ба муваффақият идора намуд, ки дар байни онҳо Порт, Кушониён, Сомониён, Ғӯриён ва дигарон дар таърихи ҷаҳонӣ мақоми хоса доранд, имрӯз чун «давлати ношуд» эътироф нашавад. Ормони ман ин аст, ки сохторҳои давлатдории мо набояд зери фишори фасод, маҳалгароӣ, белаёқатӣ ва ифротгароӣ шикаст ёбад. Симои вазирони бисёрзанаи имрӯза не, балки симоҳои вазирони бузурги гузашта чун - Балъамӣ, Ҷайҳонӣ, Низомулмулк ва садҳо дигарон бояд роҳбалади ҷавонони мо, ки ба хизмати давлатӣ шомил мешаванд, бошанд. Онҳо бояд хуб ва дуруст донанд, ки кадом шамъ барои хизмати давлатӣ ва кадомаш барои талаботи шахсӣ истифода шавад.

Ормони ман ин аст, ки давлати дунявии мо ба озодии виҷдони шаҳрвандони худ эҳтиром гузошта, роҳҳои пурзӯр намудани ҳусни тафоҳум ва ҳамкории шариконаро дар самти муносибати давлати дунявӣ ва ҷомеъаи исломии онро коркард ва мунтазам амалӣ намояд. Аҳолии худотарси мо баъди гирифтани номи Офаридгор эҳтироми худро нисбат ба давлати худ доим дарк карда, дар таҳкими пояҳои он саҳмгузор бошад.

Ормони ман амалинашаванда нест. Ормони ман ҳаққонӣ аст. Танҳо сафарбар намудани кӯшишҳо аз роҳбари сиёсии ҳозира то фарроши мактаби миёнаро талаб менамояд. Дар он ҳол мо метавонем ҷойгоҳи худро дар сафи миллатҳои комёб ва мағрури замони муосир ишғол менамоем, дар ғайри сурат мо боз солҳои зиёд «ҷойҳои аввал»-ро дар рӯйхатҳои ҷаҳонӣ оид ба фасод ороиш дода, оҳиста ва ногаҳон аз мусобиқаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо мемонем.
Мо ҳоло низ имконоти интихоб дорем, агар Шумо розӣ бошед, биёед, якҷоя орзу мекунем.

Абдуғанӣ МАМАДАЗИМОВ,
сиёсатшинос
Мӯҳр
салом дустон ба фикрам ин Мамадазимов чихеле ки ман ед дорам аз ОБСЕ бисер хурдагиаст ва бо 50$ дигар гирифтааст барои хамин макола. Абугани ту чаро доимо мавкеатро иваз мекуни дар як мавкеъ бимон ба максадат мераси.

А
Ин ормони хамаи мо аст ,худованд моро ба ин ормонхо бирасонад.омин.

Спитамен
Султон, ту аз хамон гурухе хасти ки ормонашон танхо дар гуломи нигох доштани точикон ва аз хисоби ин миллати мазлум БМВ харида мардумро куштан аст.Худованд ба ту хам акли солим ато фармояд

бародар Абдугани холо мо аз гуфтахои шумо дурем дар мо махалчиги решаи ачирик барин аст ки доруашро мо таер карда наметавонем ба мисли фасод дар як бозори корвон точикон аробакашу савдогаронаш хамин хел рафтор мекунанд дар ватани худ гуие гуломи уйгуру хитойу узбак бошанд махсусан уйгурхо ба мардуми точик гулом барин рафтор мекунанд ба духтархоямон гап партофта ба монанди фохишахо рафтор мекунанд овиру милиса налог агар унора тафтиш кунад дакикае нагузашта аз овир як узбак аз корвон коргараш як узбак ба пуштигирии уно омада хамаро фасодзада кардаанд вой бар холи точик нагуям ки мегуям

Самиъ
То соли 2020 инхел орзухоро накунед! Хести ки хобат!

султон,
Чӣ, магар муаллиф ягон сухани бад гуфтааст, ки ба шумо маъқул нашуд? Магар тарафдори эҳтироми демократия, ҳуқуқи башар ва озодии инсонӣ (сухан, ташкили аҳзоб, рафту омад, тағйири ҷойи зист, мазҳабӣ ва ғайра) будан ягон бадӣ дорад? Албатта барои онҳое, ки солиёни тулонӣ аз чашмаи яккатозӣ ва истибдод лаззат мебаранд, ин ҳама озодӣ таҳдиде беш нест. Инро ҳама мефаҳманд. Вале дар маҷмӯъ озод будани инсон беҳтар аст, нисбат ба оне, ки барда бошад. Ва минҷумла худи президент низ марди озод бошад, мисли Авраам Линколн. Ӯро бояд ҳама дӯст доранд, мисле ки Линколн ва Рузвелтро мардуми Амрико дӯст медоштанд. Бовар кунед, аз президенти бардагон дида, президенти мардуми мағрур ва озод будан хеле пурифтихортар аст.
Ба орзуят бирасӣ, мауллиф!

ораз
сиёсатшинос бояд хакикати вокеъиятро тахлил карда омилхои пайдоиши ин вокеъиятро шумор намояд ва ба мардум рох нишон дихад на ормону хаёлу хобашро ба майдони бахс кашад. сиёсатшинос...порсол дидему шунидем чи гуна дар ходисоти хоруг мардумро гунахкор мекарди ва суи онхо санг меандохти ...сиёсатшинос.

конун чахорчуба аст чахорчуба кафас. кафасро зурхо месозанд то зайифонро дар он нигшох доранд..яъне барои худи зурон кафас-конун вучуд надорад. ба кавли ирониён кувват хак аст!!!!!!!!

ораз,
Оғои Оразшо, мехоҳед бигӯед, "ПОБЕДИТЕЛЕЙ НЕ СУДЯТ". Ҳамин тавр не? Аҷиб ҳамқавмҳоятон дар Хорӯғ оё ба ин фикри шумо ҳамроҳ мешуда бошанд?

заказать прогон хрумером логин скайпа pokras7777

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)