Аксари тарабхона ва мағозаву марказҳои савдои Тоҷикистон хилофи меъёрҳои забони тоҷикӣ фаъолият мекунанд.
Тайи як санҷиш, ки аз сӯи масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот анҷом пазируфт, маълум гашт, ки ғизонома ва нархномаҳои ба забони русӣ таҳия гардида, хизматрасонӣ низ бо забони хориҷӣ сурат мегирад. Ба иттилои Кумитаи мазкур, дар робита ба ин масъала гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, айни замон намунаи ғизонома, нархнома, ва номгӯи хизматрасониҳо бо забони давлатӣ таҳия шуда истодааст ва нашри он дар соли равон ба анҷом мерасад.
Мӯҳр