Бахшҳо
22 окт 2013 10:40Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дубай: Муҳокимаи як зани 29-солаи тоҷик барои танфурӯшӣ

Рӯзи душанбеи 21 октябр дар додгоҳи Дубай муҳокимаи як зани 29-солаи тоҷик, ки гӯиё дар моҳи шарифи Рамазон барои танфурӯшӣ ҳамроҳ бо як шаҳрванди Уммон боздошт шудааст, оғоз гардид.

Расонаҳои Дубай менависанд, ин зан ҳангоми мурофиа, иттиҳоми танфурӯширо рад карда, аз додрас хоҳиш намудааст, ӯро аз навзодаш ҷудо насозад. Ин зан, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ аз ҷониби шахси номаълум ҳомиладор шудааст, инчунин дар вуруди ғайриқонунӣ тариқи баҳр ба Саудӣ муттаҳам мешавад.

Айбдоршаванда дар мурофиа гуфтааст, ӯ фоҳиша нест ва падари кӯдакаш як дӯстдоштааш ҳаст, ки кишварро баъд аз ҳомиладорияш тарк намудааст. Шаҳрванди 40-солаи Уммон, ки ҳамроҳ бо ин зани тоҷик боздошт шуда, барои ҷой додан ба як шаҳрванди ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад, дар мурофиа изҳор доштааст, “бо ин зан ду ҳафта қабл аз боздошт дар як маркази дилхушии шабона шинос шудам ва ӯро ба хона даъват намуда, тӯли ин муддат барои таъминоташ маблағ ҳам додам.”

Ин шаҳрванди Умон изҳор доштааст, вақте дар бораи ҳузури ғайриқонунии ҳамзисташ фаҳмид, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ҳуҷҷатҳояшро дуруст кунад. Пулис муайян кардааст, ки зани тоҷик ҳанӯз соли 2005 аз Арабистони Саудӣ ихроҷ шудааст ва тавре худи шаҳрванди Тоҷикистон иқрор шудааст, ӯ моҳи январи соли равон ба як зан маблағ дода, тариқи баҳр ба Фуҷайра ва аз он ҷо ба Дубай омадааст.

Дар ҳамин ҳол, дар назар аст, додгоҳ баъд аз баррасии ҳамаи ҷузъиёти қазия ҳукмашро 18 ноябри соли ҷорӣ эълон кунад.
Мӯҳр
а
Дар душанбе зам фохишахо руза намедоранд ва бахузур дар мохи Рамазон танфуруши мекунанд. Аз хамин гуна зиндагиаш мурад бехтар аст.

Илтимос номи фохишаро муайян намуда нависед. Бигзор хешу табораш радди маърака шавад.

ту обруи танхо миллат не, ба шаъну шарафи номи зан-духтар иснод оварди. Кани шарму хаё, иффати духтариат. марги пулхои харомат. Аз Худо шарм надошти, вичдонат азоб намедихад? Аз рафтору кирдори баъзеи шумо дар назди кишвархои хамсоя шармандаю сархамем, номи точикро харом кардед. Хар кас хам "МОДАР" мешудааст......

Айб
Дар хамончо хабси абадаш кунед дигар ба Точикстон наояду дигар духтархоро сироят кунад.

Осинот
Бубинед миллат то ба кучо омада расид хайф бар миллатам, ки Саьдиву Фирдавсиву Бухори дошт, Духтари точик имрузхо ба 1 сомони тан мефурушад барои чи? БАРОИ он ки зиндагиашро пеш барад,

Тиллобек
Ту баринхо онро ба ин хол расониданд, Боз бар ин зани бечора таъна мезани. Барои чи пеш вакт чунин занон набуданд? Барои он ки дар Точикистон занхо азизу гиромикадр буданд ва мардхои даюс кадр ва кимате надоштанд ва касе онхоро одам хисоб намекард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)