Бахшҳо
22 окт 2013 14:17Тоҷикистон / Иқтисодӣ

СБП мегӯяд, анҷоми сохтмонҳои Сочӣ ба Тоҷикистон зарар дорад

Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) мегӯяд, анҷоми бунёди иншооти олимпии Сочии Русия дар аввали соли 2014 метавонад, ба иқтисодиёти бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) таъсири манфӣ расонад.

Ба қавли масъулони СБП, пеш аз ҳама аз анҷоми ин сохтмонҳо метавонанд, Молдова, Қирғизистон ва Тоҷикистон зарар бинанд, чун воридоти асъор ба ин кишварҳо аз Русия аз 10 то 40 дарсадро ташкил медиҳад. СБП меафзояд, пойбандии бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба иқтисодиёти Русия бисёр зич аст ва коҳиши сохтмонҳо дар Русия ба даромади муҳоҷирон таъсири манфӣ мерасонад, чун бисёре аз муҳоҷирон дар сохтмонҳо кор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки сохтмони иншооти олимпии Сочӣ ҳанӯз соли 2008 оғоз шуда, арзиши умумии онҳо 1,5 триллион рублро ташкил медиҳад ва даҳҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатиро бо ҷои кор таъмин мекунад. Бозиҳои зимистонаи олимпӣ соли оянда дар шаҳри Сочии Русия баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)