Бахшҳо

“Дар қадамот ҷонум, Ҷаноби Олӣ”. Нуқтаи авҷи таъриф ё ҳанӯз оғозаш? (ВИДЕО)

Ба назар мерасад, қолаби суханҳову шеърҳо дигар барои вассофони Эмомалӣ Раҳмон тангӣ мекунад. Онҳо сатҳи нави мадҳу сано - сурудхониро ихтиёр кардаанд. Аммо оё ин нуқтаи “пик” аст ё аз ин бештар чизе имкон дорад?


Таърифу тавсиф ва ҳамду санои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафарҳояш ба минтақаҳои кишвар ба авҷи аълояш расидааст. Тасаввур кардан душвор аст, ки аз ин бештар мардум чӣ гуна ва бо чӣ сифате президентро мадҳ мекунанд. Агар дар оғоз бо гуфтани “президенти муҳтарам”, “сарвари оқил”, “раҳбари хирадманд ва дурандеш” иктифо мекарданд, ором-ором фонди луғавии онҳо бо “шоҳи одил”, “шоҳи шоҳон” ғанӣ шуд. Кор то ҷое расид, ки вақте президент аз ягон хоҷагии деҳқонӣ дидан мекард, ҷумлаҳое монанд ба “бо шарофати Шумо ҳосили зиёд гифтем” низ чизи маъмулӣ гардид.



Ин гапи нав нест, ки мегӯянд, минтақаҳо барои пешвоз гирифтани президент ва тавсифу мадҳи ӯ гӯиё як навъ мусобиқа мекунанд. Аммо ба назар мерасад, онҳое ҳам ки дар як ҷамъомад дар ҳузури президент сухан мекунанд, новобаста аз ҷинсият ва синну сол сабқати пӯшидае доранд. Ҳар нафар мекӯшад, аз дигарон дида Эмомалӣ Раҳмонро бештару самимитар васф карда, сифоти зиёдеро ба ӯ пайванд бидиҳад.

Марди солманде мегӯяд, “вақте Шуморо мебинам, писаронамро фаромӯш мекунам”, толибаи мактаб бошад, буридани лентаи бинои иловагии мактаби миёнаро “иқдоми беназир” унвон мекунад. Онҳое, ки сафарҳои президент ба минтақаҳоро расонаӣ мекунанд, низ аз дигарон кам намеоянд. Мисле ки дар як нашрия навиштаанд: “мардуми ноҳияи Ванҷ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо он гуна самимият ва маҳбубияте истиқбол гирифтанд, ки қалам дар тасвири ин ҳақиқати бисёр фараҳбахш оҷиз аст”.

Насби аксҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон сари ҳар қадам дар арафаи сафари президент ҳам ҷузъе аз маъракаи мадҳу сано аст (“Озодагон” як пажуҳиш ҳам анҷом дода ва дар ҳоли хотимаёбист, ки маълум мекунад, солона барои нашри аксҳои президент дар қаламрави ҷумҳурӣ чӣ маблағе масраф мешавад). “Сояи Худо” ва “пайғамбарсифат” ҳам ба барчаспҳои маъмулии сифати президент табдил ёфтаанд.

Шеърҳо-ку ҷои худаш. Агар Анварӣ ва Фаррухӣ зинда мебуданд, ба мадҳияҳои ҳампешаҳои муосирашон баҳои аъло мегузоштанд. Аммо ахиран маълум шуд, ки дигар қолаби суханҳову шеърҳо барои вассофони Эмомалӣ Раҳмон тангӣ мекунад. Вақте президент лентаи нақби “Чормағзак”-ро бурид ва тариқи мошин ба он сӯи нақб рафт, гуруҳи беш аз 10-нафарии занони доирабадаст президентро “дастаи сунбул” гуфтаву сурудхонӣ карданд. Дар таҷрибаи пешвозгириҳои ҷаноби Раҳмон бори аввал аз ин усул кор гирифта мешуд. Занҳои доирабадаст рубоиҳои халқӣ дар мавзӯи дӯстиро ба президент часпонидаву дар нақорот бо як овоз мехонданд, ки:

“Чакрӣ-чакрӣ гул астӣ,
Дастаи сунбул астӣ.
Дар қадамот ҷонум, Ҷаноби Олӣ,
Меҳмони мо ҳастӣ...”

Баъд аз чанд рӯз ин усул зуд маъмул шуд ва ҳангоми сафари раисиҷумҳур ба шаҳри Ваҳдат такрор ёфт. Ҳоло ба назар мерасад, мадҳу санои президент зимни пешвозгирӣ ба нуқтаи “пик” расидааст. Дигар душвор аст, фикр кардан, ки аз ин бештар чӣ мешавад?

НӮФАРН-4


PS: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Чаноби Икс
самандар
Ин навишта аз хакикати талх хикоят дорад, хакикате, ки мардуми точикро гулом табиат мекунад. Вакте мо мактабхон будем, муаллимхои даврони шурави ки хама аъзои хизби комунист буданд, суноне, ки имруз хама аъзои ХХДТ - анд, Кори ишкамбаро хамчун як мулло ё одами паст муаррифи мекардан, хамон Кори ишкамбае, ки Садриддин Айни дар он намунаи барчастаи як точикро ба намоиш гузоштааст. Аммо имруз дар хакикат маъулм шуд, ки он Кори ишкамба намунаи хамаи точикон аст. Аз раисону сарварон сар карда то одами одди.

а
Магар халке ки дорои чунин сифатхои паст аст боиси хурмату эхтиром аст? Харгиз не.

Худи ЧО магар шарм намедорад? Халкро ба як рамаи гусфанд табдил додааст.

mearzad.janobi oli behtarin prezident ast.

Фирдавсии бузург гуфтааст:
Ин суханро аз ман фаромуш макун,
Мадхро аз мадхгар гуш макун!

Бовар кунед агар бо президент ягон ходиса рух дихад, яку ана хамин анонимшикхои мдхгар аз сохаи маориф аз у ру мегардонанд.
Ана ин хакикати хол аст!

Агар хамаи харочоти яксолаи пешвозгирии "Шоханшох"-ро ба назар бигирем, як агрегати НОБ-и Рогун кайхо сохта мешуд...Дигар давлатхо магар президент надоранд? Чаро боре Обамаро бо гулдаставу тамаллук пешвоз намегиранд? Ин чи хел сарварияст, ки бо "сафари кори" ё "расми" ба як кисмати чумхури бирави ва чунин намоишкорихоро ташкил бисози? Як маротиб дар хакикат бо кор бирав ба ягон нохия...

зиндаги охир сарояд бандаги дар кор нест ..бандаги гар шарт бошад зиндаги дар кор нест! ягон нафари хамин лаганбардорхо не вичдон доранди не мардиву не иродаву не шахсиятан ! ин вазифаи конституционии мансаби президенти аст ки дар хидмати халку ватан бошад! агар Точикистон ба ними аврупо мерасид е дигар давлатхои пешкадам ба фикрам ки Кабаи мо точико хонаи ЧО мешуду худаш пайгомбари охири замон !!! хар як мансабдорро бо вазифаи бар душ доштааш мо хамду санову офарин хонем пас мо ки хастем ? е гуломем ё химмати инсонии паст дорем ё шахсият нестем!

Сангак
Шармандаги аз ин зиёд намешавад, хама дар назарам ба лагандбардору чоплус(падхалим) мубаддал шудаанд.
Эй мардум акалан камтаре бошад хам ,номуси худро аз даст надихед.

чаноби оли тавонист щохигариро дар авчи аълояш нишон дихад. Рости аз точик буданам вакти тамошои он наворхо пушаймон мешавам. Худоё, маро бубахш.

Dev
Mentaliteti gulomona dorem, moro meboyad az hudamon sar kunem , nanolem az digaron, ki moro hurmat namekunand. Hamai nohurmatii tojikon dar Russiya in az hudi tojikon vobasta astu halos.Bubined dar hudi Tojikiston bo hamdigar bo havoi dahonu bini suhbat mekunem. Dar Aeroport ba nigohu shakli korkunonash menigari , fikr mekuni hama pisaroni Gul Sheralivu Hukumovand. E tavba!Bas budagist peshi digaron, chorkatu panjkat shudan, ohir in chorkatshaviho pozai hub nest , moro istifoda burda istodaand!!!

Салом ба хама, ин хамаро мебинаму дилам мешурад, вале аз АЛЛОХ факат мехохам ки зудтар кори ин дунёро тамом кунад. ХУДОЁ агар хаста нашуда боши вале мо дигар хаста шудем. (Астагфируллох)

А
акалан кудакора ба хамин пешвозгирихо чалб накуманд.магар хамина намебинад .

ЧУПОН
Бо дастгирии ЧО бузи мо дугоник зойд!

хайрхох
бехтараш шахвархоятонро эхтиром мекардед.

шарманда Рахмон худаш мебошад. худаш нагз медонад, ки ба як зарраи хамин таърифхо арзанда нест лекин боз бовар мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)