Бахшҳо
28 окт 2013 14:26Тоҷикистон / Сиёсат

Раҳмон раиси бозори "Султони Кабир"-ро аз пуштибонҳои сиёсаташ хонд

Имрӯз, 28-уми октябр, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Восеъ маркази тиҷорат ва хизматрасонии Султони Кабир ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби яке аз соҳибкорони маъруф, раиси бозори Султони Кабири Душанбе, Аваз Кабиров бунёд ёфтааст.

Тавре Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин марказ аз 2 толори бузурги варзишӣ, чанд толори калони дӯзандагӣ, толори дилхушии кӯдакон, толору дӯконҳо ва қаторҳою майдончаҳои тиҷоратӣ ва ҳамчунин таваққуфгоҳ барои мошинҳо иборат аст.

Ба иттилои манбаъ сохтмону таҷҳизонидани маркази тиҷорату хизматрасонии Султони Кабир ҳанӯз идома дорад ва то моҳи июли соли 2014 шумораи коргаронаш ба 4,5 ҳазор нафар мерасад: “То имрӯз дар ин ҷо беш аз 1000 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд. Дар сохтмони ин иншоот то ҳол 18 миллион сомонӣ харҷ шудааст ва то охир наздики 30 миллион сомонӣ масраф мегардад.”

Эмомалӣ Раҳмон Аваз Кабировро вазифадор кардааст, ки ояндаи наздик як меҳмонхонаи замонавӣ дар маркази ноҳия ва як варзишгоҳ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бунёд намояд.

Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Восеъ бо зикри номи Маҳмуд Ҳусейнов ва Аваз Кабиров онҳоро аз ҳимоятгарони сиёсати бунёдкоронаи ҳукумат хонда, соҳибкорони дигари соҳибнуфузро ба ободонии сарзамини бобоӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ даъват намуд.


Раҳмон раиси бозори "Султони Кабир"-ро аз пуштибонҳои сиёсаташ хонд
Мӯҳр
Cафар
чанд зан дошта бошад ин Аиваз !

Сохибкор
Хамаи сохибкорора вазифадор мекунад! Чаро Хасанро не? Магар пули Хасан барои чунин корхо ками мекунад?

мардаки Хасан ай ида зиед харч када обектои стротегии давлата соз дора

Сохибкор
Ба Абубакр. А бача хестики хови ай дуё бехабари. У хасани мегутагит хама объектхои стротегира обод дора неву хамаш ай дасти хаму тагота вайрон шида рафтаст. Коргарони "Барки Точик" то 5 моха маош нагирифтагиян хамитари мешава соз кардани объектхои давлати? Брат авал ба вазъият хушру нигар бад чавоб бте!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!1

Адл Душанбе
Рахмат ба чунин мардони Ватан. Баъзехо ба гайр аз гила дигар кор карда наметавонанд. Ба чойи аз мавзуъ баромадан, чунин мардон, яъне Авазро дастгири ва ситоиш бояд кард. Чунки хам худ кор мекунад ва хам барои 1000 нафар чойи кор бунёд мекунад. Хамин шароитеро, ки давлату хукумат барои Аваз мухайё кардааст, барои хамаи мардуми Точикистон мухайё аст. Факат барои ин конунхоро дониста, аз банкхо пул гирифта, истифода бурдан лозим аст. Яъне дониш даркор, ки на хамаи онро доранд.

Абдуллох
Cафар обод кунад шуд охир фаркаш чи

Хурам
Ахсан ба чунин чавонмард, чун Аваз. Дар маркази нохия 1000 чойи кор мухаё сохта ва 1000 хамватанро аз азияти милатгароёни русу скинхед озод сохт. Ана ин пиёдагардонии сиёсати Чаноби Оли дар рохи некуахолии халк аст бародаро. Чаноби Оли чунин мардонро мардонавор дастгири менамояд ва шароити мусоиди кори фарохам овардааст. Ёд доред 10 сол пеш дар бозор аз як пиёзфуруш 10 кг бе пул мебурданд. Имруз чи? Молхо дар бозор партов. Шукронаи тенчию амои. Агар дар х,ар нохия Акаи Аваз барин чавонмардон мешуданд олам гулистон. Медонам сохибкоронеро, ки 60 ФУРАИ шахси дорад, нисфи моли бозори Корвона аз Чин меорад, Аммо агар ногахон як гурба нонаша хурад ДИЛАШ МЕЗАНАД. АХСАН АКАИ АВАЗ,

avaz obodkor ast.bozori sultoni kabir yak joi musr bud obodash kard.mo boyad naguem ki in avaz ast yo hasan ast yo duxtaru pisaru domodhoi falon.biguzor obod kunand.vatan zebovu joi korho meshavand.

Cафар,
in mardak zanam doshta boshad misle digar puldoron zanhoi avvalro sar nametiyad.

Эй бародар факат дуо кунед

Эй бародархо мохам безоршудем аз ин хел гапхо намедона кай хакикат бачояш мераса

восеи пахлавон
Жамшед,
Жамшед,
рахмат АВАЗХОН КАБИРОВ чунки шахси бо нангу номус хастед Чунин маблаги калонро хар кас масраф намекунад шуморо рахматии падаратон чунин ободкор буд

Ман мефахрам ки чунин марди ободкор ватандуст мехнаткор амаки ман аст зинда боши Аваз Кабиров

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)