Бахшҳо

Далер Каломов -- шоҳиди нав дар қазияи “муллои ҷодугар” (ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ

Далер Каломов, як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз болои Зулола Раҳимова, ки дар видеои баҳсбарангези “муллои ҷодугар” тасвир ёфта, аммо дар додгоҳ ба ҳайси ҷабрдида баромад кард, ба Мавлудҷон Салихов -- вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов шикоят бурдааст. Ӯ гуфта, ки замоне Зулола мехост, аз тариқи сабти ҳолатҳои шаҳвонӣ ӯро ҳам ба доми худ андозад.

Оқои Каломов гуфтааст, Зулола Раҳимоваро аз видеои “муллои ҷодугар” дидаву шинохтааст ва метавонад дар бораи “корнома”-и ӯ ба додгоҳ гузориш диҳад. Ин дар ҳолест, ки ба қавли вакили мудофеи Иброҳимов, худи Зулола дар додгоҳ гуфтааст, сабти видеои “муллои ҷодугар”-ро тавассути телефон ва ҳадафмандона сабт намудааст. Мавлудҷон Салихов мегӯяд, то чоруми ноябри соли ҷорӣ аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки нафари таҳти ҳимояташро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард, ба зинаҳои болотар шикоят хоҳад бурд ва ҳатман масъалаи Каломовро ҳам дар миён хоҳад гузошт.



7 соли зиндон

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 24 октябр Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”-ро ба 7 соли зиндон маҳкум карда, ба пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф намуд. Исмоил Давлатов, додраси ноҳияи Сино, Асадулло Иброҳимовро аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти динӣ барои 5 сол маҳрум кард. Ин дар ҳолест, ки Амрулло Фозилов, айбдоркунандаи давлатӣ, барои Асадулло Иброҳимов 8,5 соли зиндонро талаб карда буд. Аммо Фозилов аз суҳбат бо хабарнигорон дар мавриди қазияи Иброҳимов худдорӣ намуда, изҳор дошт, барои ҳар иттилоъ ба шуъбаи таблиғотии Додситонии генералӣ муроҷиат намоем.

“Шавҳарам хиёнат накардааст”

Бибираҷаб Иброҳимова, ҳамсари Асадулло Иброҳимов, дар суҳбат бо “Озодагон” аз ҳукми баровардаи додгоҳ изҳори норизоӣ намуда ва гуфт, дар ин қазия нисбат ба шавҳараш туҳмат ҷой дорад: “Дар 30 соли зиндагиам аз ҷониби шавҳарам боре ҳам нохалафӣ надидам. Бо ҷабрдида Зулола Раҳимова 4 бор рӯ ба рӯ шудаам ва ду бор суҳбат кардаам. Ӯ ҳар даъфа ба назди шавҳарам барои дуохонӣ меомад ва аз ман рӯймол мепурсид, ман бошам барои пӯшидани сараш рӯймол медодам. Як бор ба хонаи мо ширинӣ (торт) овард, ки ҳамон лаҳза шавҳарам дар хона набуд ва ба мо гуфт, ки 28 торт пухта ба хонаи хешу табораш ҳамчун хайр тақсим кардааст ва ба хонаи мо низ ба хотире, ки мулло дуояш мехонад, овардааст. Ба ман чанд бор суолҳои беҷо медод, ба монанди “агар дар ҳуҷраи дигари хонаатон роҳ гарданд, овозашро мефаҳмед ё ин ки даратонро кушоянд ягон садо мебарояд?” Ман ҷавоб додам, ки поёни дари мо ба андозаи як ваҷаб кушодааст ва чӣ садое бошад, мо мешунавем ва тирезаҳо низ аз ҷониби роҳ кушодаанд. Баъд аз рафтани Зулола, шавҳарам ба суоли ман, ки оё ӯро аз наздик мешиносад, ҷавоби рад дода буд. Зулола гуфта буд, ки дар ЦУМ ҳамчун аксбардор кор мекунад.”

Бибираҷаб Иброҳимова афзуд, навори гӯиё ишқварзии Зулола бо шавҳарашро надидааст ва виҷдонаш намебардорад, ки чунин наворро бинад. “Ман зани ягонаи шавҳарам мебошам, аз ман ягон сиррашро пинҳон намекард. Ба ҳар куҷое мерафт, бо худ як фарзандамонро мегирифт. Дар мавриди он ки Зулола мехоҳад зани дуюми шавҳари ман шавад, ягон иттилоъ надоштам. Шавҳарам тӯли 2 сол ба дуохонӣ машғул аст. Бештар ба хонаи мо занҳо бо кӯдаконашон меомаданд, ки кӯдаконашонро дуо мехонд. Ягон бор занҳоро танҳо дуо намехонд, аксаран ман худам бо онҳо менишастаму шавҳарам дуо мехонд. Агар шавҳари ман чунин инсон мебуд, дар сӣ соли зиндагӣ ман хабардор мешудам. Мо 8 кӯдак дорем”,-афзуд ӯ.



Вокуниши адвокат

Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ишқварзии Асадулло Иброҳимов бо Зулола Раҳимова на аз роҳи зӯрӣ, ҳамон тавре мақомот гуфтанду ҳукм карданд, балки бо хоҳиши ду тараф ба миён омадааст: “Аз нигоҳи шариату ахлоқ, бале, нафари таҳти ҳимояти мо гуноҳ кардааст. Аммо аз нигоҳи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ин ҷиноят нест ва ҷавобгарӣ надорад.” Вакили мудофеъ дар идома гуфт, Зулола Раҳимова ҳафт бор барои дуохонӣ ба назди Асадулло Иброҳимов, “муллои табиб”, омада, видеои ишқварзиро дар дафъаи шашум тавассути “Айфон” ва ҳадафмандона ба навор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, хонум Раҳимова ҳар бори ба назди Асадулло Иброҳимов омаданаш аз надоштани ҳамсар шиква карда, мегуфтааст, мехоҳад бо нафаре оиладор шавад: “Зерҳимояи мо гуфтааст, ӯ метавонад Зулола Раҳимоваро ба ҳамсарӣ қабул кунад. Дар ҳамин ҳол, Зулола аз Асадулло манзили истиқоматӣ пурсидааст. Аммо Асадулло Иброҳимов бо бародараш маслиҳат намуда, бародараш ба ӯ иҷозати гирифтани зани дуюмро намедиҳад. Мулло бошад, дар рӯзи дигари дуохонӣ ба Зулола ҷавоби радро медиҳад, ки дар натиҷа Зулола ӯро ба ҳолати шаҳвонӣ оварда, ишқварзии онҳоро ба телефонаш сабт мекунад”,-гуфт Салихов.

Қиссаи се 10 сомонӣ

Мавлудҷон Салихов инчунин аз ҳукми баровардаи додгоҳи ноҳияи Сино розӣ набуда, афзуд, “тафтишоти пешакӣ ба зерҳимояи ман бинобар сабабе ки Зулола Раҳимова дар шикояташ овардааст, ӯ се бор ба мулло 10 сомонӣ додааст, моддаи 234, қисми 2, банди “б”-и Кодекси ҷиноятиро пешбинӣ намудааст. Дар мурофиаи судӣ маълум гардид, ки Зулола ҳангоми бори аввал ба хонаи мулло омадан ба ӯ мегӯяд, барои дигар рӯзҳо роҳкиро надорад. Асадулло бошад, ба ӯ 90 сомонӣ барои харҷи роҳ медиҳад. Зулола Раҳимова ҳангоми мурофиа иқрор шуд, ки аз мулло 65 сомонӣ гирифтааст. Инчунин, мулло гуфт, ки як бор баъд аз рафтани Зулола 10 сомонӣ аз ҳуҷрааш пайдо кардааст.”

Мулло: Ман гунаҳкор нестам

Худи Асадулло дар толори додгоҳ гуфт, ба Зулола ягон хел фишор ё зӯрӣ накардааст ва бинобар ҳамин, худро гунаҳкор наҳисобида, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Мавлудҷон Салихов дар тақвияти гуфтаҳои зерҳимояаш гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ вақте ба Зулола Раҳимова суол дода шуд, ки “Шумо дар сабти навор дар вақти дуохонӣ ва ба оғӯш гирифтани домулло ягон ҳаракатҳои зӯроварӣ дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?” посух дод, ки “гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст.”

Мурофиаи додгоҳии Асадулло Иброҳимов рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфта, 24 октябр бо ҳафт сол ҳукми зиндони ӯ поён ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуд, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо Зулола Раҳимова амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ намоиш дода шуд ва дар як вақт ба шабакаи интернет ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист. Аммо Салихов мегӯяд, то чоруми ноябр аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба зинаҳои болотар шикоят хоаҳд бурд.
Мӯҳр
Socrates
Махкам
Ин духтар сохтаи дасти макомот аст. онхо дар ин бора на имон доранду на вичдон барои расврву бадном кардани ислому мусалмон хама коррон мекунанд. дар ин бора тачрибаи зиёд хам дорад ва чандинборхо ин корро такрор кардаанд ва аз баъзе пул ва холо бошад мисли дигар кохояшон дар ду семохи ахир баъди мохи май барои бадном карди дини ислом ва чехраи мусалмонхо ин корхоро ошкор анчом медиханд ки ин кор яке аз даххо кори дигарашон аст. Худо кавми моро аз дасти ин душманони милласт ва ислом начот дихад.

Асаддуло
Судҳо се намуд мешаванд, ду намудаш дар дузах аст ва як намудаш дар биҳишт.
Албатта барои исботи ин корҳо чор шоҳид лозим аст. агар шариатро мехоста бошанд ҳимоя кунанд. вале агар чунин нест ва маълум аст, ки парвои шариат надоранд, дар қонун ин кори муло ҷиноят нест, балки матив надорад, бояд зан ба ҷавобгарӣ кашида шавад, инҷо мулло ҷабрдида аст на зан, мутобиқи қонунҳое, ки мардум давлат ташкил кардаанд ва ҳукумутдорӣ доранд, зан гунаҳкор аст, машенник вай аст вай бояд ҷазо дода шавад, ки марди бечораро рафта дар хонааш хонавайрон мекунад. Агар инро роҳашро нагиранд, ин занҳоро ҳимоят намоянд занҳояшон касеро хоҳанд рафта дар хонааш бадном мекунанд.
Шаҳвати марди бечораро ба фоҳишагиаш бархезонда шармада кардааст. Зан гунаҳкор аст, зан ҳамаро медонист, ҳама хабарҳоро аз занҳо мегиранд, як бор ақаллан ба намоишҳои ғарибшо тамошо кунед, агар ақл бошад мефаҳмед.
Бубинед боз чӣ даъвои пуч мекунад:
“гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст.”
Агар ба ин сурат Суд гапи ин занро қабул карда бошад, бояд худи Суд ҳам чунин гумон кунад, ва инро амри табии шуморад, ки тариқи ҷинбарорӣ чунин сурат мегирад. Агар гуяд, ки на ин чунин нест, ва худро доно ҳисоб кунад, ки ин хато аст, пас он зан ҳам дар ҳамон ҳолат медониста, ки хато аст ва чунин ҷинбарорӣ вуҷуд надорад. Дар бораи овози пои инсонҳо ба хонаи мулло метавонад пурсад наметавонист пештар бидонад, ки ҷинбарорӣ чигуна аст? Балки ҳамаро медонист ва инро қасдан кардаанд.
Ин мард мутобиқи қонун гунаҳкор нест. Мутобиқи қонун зан гунаҳкор аст ва бояд аз озодӣ маҳрум карда шавад, ки инсонҳои бошарафро дар ҷомеаи тоҷик бешараф мекунад ва он ҳам аз тариқи қаллобӣ ва фиребгарӣ. барои ин рафтори зан ҳатман статя ҳаст, ки бояд вакили мудофеи мулло ё айбдоркунандаи давлатӣ бояд онро пайдо намояд ва ба ҳабсхона равона кунанд. Агар накунанд махсусан айбдоркунандаи давлати дар ҳаёташ албатта аз ин бадтарро мебинад, зеро адолатро риоя накардааст ва Худованд албатта ура мезана.

Боз мулло ва муллои ҷодугар гуфтан ин худаш ҷиноят аст.
Шумо агар шиносе аз кормандони боломақом дошта бошед, аз он пурсед, ба шумо бовари дошта бошад мегуяд, ки имрузҳо барои вазифаҳояшон чи қадар пеши ҷодугарои ҳақиқи мераванд. Пеши мулло намераванд ки бо насиҳатшон накунад, пеши ҷодугари асли мераванд.
Вой бар ҳоли шумо!

Самар
Майлаш ин кори макомат фарз кардем неки хаму Хочи Мирзои ширинсухантон даххо бор гуфт занотона пеши мулло рои накнуен ки истифодашон мебаран акалан ба хаму сухангхои пешвотон бовар кнен.Чи бало задааст шуморо он кадар кур бадбахт шудааед ки бо чашм дида истодааест фосикии муллоро боз тарафдориш мекунен.самий главни давлата бад кнем гуфта хатто аз ДАР МУКОБИЛИ ГУФТАИ ХУДО МЕБРОЕД ЯК ШАХВАТЗАДАРО ТАРАФДОРИ МЕКУНЕН.нМЕМУРЕН АЗ ИН РУЗТОНДА

Ватандуст
Асадулло комилан дуруст мегуяд. Чун зан бо телефони худ он "кахрамониаш" ро сабт карда, бешармона ба дигарон хам пешкаш мекунад, ин чо ё супориши махсус хаст ва ё худи ин зан, ба гуфтаи хамсари Асадулло Иброхимов, хохиши зани дуюм шуданро дошта, чун ба максад нарасидааст, даст ба чунин кори паст задааст. Агар ин кор дар кишвархои исломи рух медод, шояд хар дуро ба чазо мекашиданд. Вале чун Точикистон кишвари дунявисту ин кор бо розигии ду тараф ва хатто бо ташаббуси худи Зулола сурат гирифтааст, ин чо касе гунахкор нест. Агар гунахкор бошад, ин худи Зулола асту бас! Ва ин тачрибаи аввалини Зулола хам набудааст. Барои хамин бояд Зулоларо ба курсии айбдори нишонд, на Асадуллоро! Охир у ба зан дастдарози накардаст ку, балки худи зан уро ба ин кор тела додааст...

Ин мард ба андешаи ман хамон вакт назди конунхои дуняви чавобгар буда метавонад, ки даъвогарон намояндагони дину шарият бошанд... Бехтарин ва бехамто довар ин Холик аст!!!

Беном
Бибирача хайфи ту барин зан, ки болои хамука хиёнати шавхари нобакори муллои фосики ифлосат бо тарафи вайро мегириву фахр мекуни ки ту зани ягонаи вай, чашмата калон кушо видеоро тамошо кун

ин бадбахт дини ислома бадном кардагиай чазои ин сангсор буд ,холо он ки 7 сол додагиан

Хуб кадан як суфики чодугари зинокора суд кадан Оли кам срок доданша бояд 70-сол суд мекаданша

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)