Бахшҳо
29 окт 2013 11:45Тоҷикистон / Сиёсат

Хабарҳои зидду нақиз дар бораи барканории ҷияни Бобоназарова

Бино ба хабарҳое, ки “Озодагон” дастрас кард, Тоҳир Абдулов -- ҷияни Ойниҳол Бобоназарова ба дунболи пешниҳоди номзадии ӯ ба мақоми президентӣ аз ҷойи кораш дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвон ронда шудааст. Манобеи мо мегӯянд, оқои Абдулов рутбаи майори милиса дошта, тӯли тақрибан бист сол ифои вазифа мекард.

Аммо худи Тоҳир Абдулов дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, ҳоло дар рухсатист ва намедонад, воқеан, чӣ иттифоқе уфтодааст. Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, низ дар як тамоси кӯтоҳ аз шарҳи ин хабар худдорӣ кард ва гуфт, танҳо дар сурати ба даст гирифтани санади барканории ҷиянаш метавонад дар ин бора чизе бигӯяд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ҳоло дақиқ нест, ҷияни ӯро дар ҳақиқат аз кор рондаанд, ё на.

Ин хабар дар ҳоле дастраси мо шуда, ки ҳафтаи гузашта ду сокини Кӯлоб танҳо барои он ки ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова имзо гузоштаанд, мавриди пурсуҷӯи мақомот қарор гирифтаанд. Хонум Бобоназарова мегӯяд, аммо ин ҳодисаи аввалу охир нест. “Дар як маърака дар ноҳияи Ваҳдат зане гуфтааст, ки ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова овоз додам. Баъдан аз мақомот ба хонаи ин зан омада, болои ӯ фишор меоранд ва ҳатто аз ҷои кораш маҳрум месозанд. Ман рафта, бо раиси ноҳияи Ваҳдат суҳбат кардаву масъаларо ҳал намудам. Ростӣ, ба чанд нафари дигар пас аз интихобот таҳдиди аз кор ронданро намуданд”,-афзуд Бобоназарова.

Мусоҳиби мо афзуд, “агар мақомот ҳарфу гуфтание доранд, ба ман муроҷиат кунанд. Ба ин шаҳрвандоне, ки гуноҳ надоранд, фишор наоранд. Ин маънои онро дорад, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, дар асри 21 як ҷомеае созанд, ки дар он ҳама ғулом бошад ва ягон кас ҳуқуқи гап заданро надорад. Ҳайронам, мақомот дигар кор надоранд, ки аз қафои тарафдорони ман мегарданд?”

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, даҳуми сентябри соли ҷорӣ аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки ҲНИТ ва ҲСДТ шомили онанд, ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд. Бисёриҳо ӯро аз рақибони аслӣ ва ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр медонистанд, аммо Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба далели он ки 210 ҳазор имзои заруриро пешниҳод накардааст, ӯро сабтином нанамуд ва аз идомаи рақобат маҳрум сохт.
Мӯҳр
Мухтарам рузноманигорони "Озодагон". Хохиш мекунам, хадди акал Шумохои гироми аз истифодаи вожаи "чиян" худдори кунед. "Бародарзода", "хохарзода" нависед, бехтар нест магар?

Чумабой
Чиян,
Озодагон чи навистанашро медонад ту кори худата кун. Чиянро хама медонад барои мо бас аст. Калимои оддира истифода бурдан хуб аст. Бояд барои хама фахмо бошад. Шумо худатонро ба савод нагиред барои Калимахои шуморо фахмадин бояд дар як дасти дигармон Фарханги забони точики бошад.Чиян,

Мухлис
Озодагон илтимос хабари дуругро хам камтар расонед ба мардум дуругам хам то хади бад набудагист... демократии шуморо мебинам...

Ёвар
Ба Чумабой ё Чумъабой: Агар ту вожаи хохарзода ва ё додарзодаро нафахми, ту чи гуна точик хасти? Ё факат чияни туркиро мефахми?! Агар ту барин масалихатгарон бошанд, забони мо дар ду руз пури вожахои нодаркори туркиву руси мешавад. Забон соддаву оммафахм бояд шавад, вале онро набояд ба сатхи поин,яъне омиёна фаровард ва дарачаи забондонии мардумро хам поин намуд...
Чиян,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)