Бахшҳо
31 окт 2013 10:45Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Консули маҷруҳшудаи Афғонистон аз гуноҳи ронандаи тоҷик гузашт

Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталӣ, масъули консулгарии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, нисбат ба ронандаи тоҷик, ки дар садамаи нақлиётии ҷароҳатбардоштааш ӯ айбдор мешавад, ҳеч даъвое надорад.

Оқои Яфталӣ, ки ҳоло дар беморхонаи маъруф ба номи “Мансуров”-и шаҳри Душанбе бистарӣ буда, ҳолаш хуб арзёбӣ мешавад, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, “ҳеч иддаое надорам, чун ин ҳама дар тақдири мо сабт шудааст, бахусус замоне ки дидам, он шахс як ронандаи одии мусофиркаш мебошад.”

Ба гуфтаи масъули консулгарии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, ин ронандаи тоҷик борҳо ба аёдати ӯ ба беморхона омада, гуфтааст, талош мекунад, тамоми хисороти ба миён омодаро ҷуброн кунад: “Вале ман гуфтам, на, танҳо аз ҷониби Шумо барои мо дуо кифоя аст.” Яфталӣ рӯзи 17 октябр дар роҳ ба сӯи Кобул дар ноҳияи Қумсангир ба садамаи нақлиётӣ дучор омад, ки дар он ронандаи тоҷик гунаҳгор дониста мешавад. Ӯ ба хотири иштирок дар ҷанозаи модараш бо мошини худ мехост, тариқи гузаргоҳи марзии Панҷи поён Тоҷикистонро тарк кунад.

Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталӣ, ки 54 сол дораду ҳоло масъули бахши консулгарии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аст, дар деҳаи Яфтали вилояти Бадахшони Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ яке аз шогирдони асили Бурҳониддини Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва раҳбари Шӯрои олии сулҳи ин кишвар буда, тибқи баъзе хабарҳо замоне масъулияти муҳофизии ӯро низ бар дӯш доштааст.


Консули маҷруҳшудаи Афғонистон аз гуноҳи ронандаи тоҷик гузашт


Дар акси аввал: Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталӣ ҳамроҳи Устод Бурҳониддини Раббонӣ
Мӯҳр
Офарин, марди асили Бадахшонӣ. Барои ин амал, - аз гуноҳат гузаштам ин сӯ биё, иншоллоҳ, дар он дунё хоҳӣ шунид.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)