Бахшҳо
31 окт 2013 11:39Тоҷикистон / Тема дня

Раҳмон аз масъулини ҳукумат хост, давлатро фиреб надиҳанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 31 октябр дар ҷаласаи ҳукумат аз масъулин хост, ҳангоми пешниҳоди ҳисобот нишондоди омории дақиқро нависанд, то давлат зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ фиреб нахӯрад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар оғози ҷаласаи ҳукумат Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2014 ва нақшаи миёнамуҳлати кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шуд. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди корҳои оморӣ таъкид доштааст, “ҳисобот, хусусан доир ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, новобаста ба шакли моликияти истеҳсолкунундагон, бояд дақиқ бошанд, то ки нақшаю барномаҳои давлатӣ низ дар асоси онҳо дақиқу самарабахш таҳия, қабул ва амалӣ карда шаванд”.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, зимни ҷаласа лоиҳаҳои як зумра қонунҳо, аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолоти хатарнок” ва ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тасдиқ ва ба парлумон пешниҳод гардиданд: “Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Тоҷикистон ва Қоидаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тасдиқ карда шуд.”

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бо зикри сафарҳои ахираш ба навоҳии Тоҷикистон ба масъулин дастур дод, барои иҷрои супоришҳои зимни сафар ироашуда, нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва қабул намоянд.
Мӯҳр
Ба фикрам ин охирин чаласаи хукумат тахти рохбарии президент дар давраи рохбарияш буд. Чаласаи оянда баъд аз таъсиси хукумати нав бо интихоб намудани президент доир мегардад. Лекин, президент як бор хам ба аъзои хукумат барои бо у тайи 7 сол кор карданашон рахмат нагуфт. Мумкин, ки аъзои хозираи хукумат дар хукумати нав боки монанд?

саид
Мусулмон мусулмонита карда гаштан гир. Барои ба аъзои Хукумат рахмат гуфтан вакт хаст. Хеч гох фикр накунед, ки ба андозаи магзи мургии шумо касе фикру андеша надорад. Хозир агар рахмат мегуфт, овоза мекардед, ки хамаро чавоб дод. Шумо умуман киро дар зиндаги эътироф мекунед? Акалак волидайнатонро хурмат мекунед?
Вообще чи кор доред, шумо ба ин корхо

л
Саид

Ту вообще худат ки хасти? Давай до свидания, давай до свидания.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)