Баҳси 3000-солагии Ҳисору 700-солагии Ҳамадонӣ дар Фаронса
Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, барои баррасии таҷлили 3000 солагии Ҳисор, 700 солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва 100 солагии Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ дар ҷаласаи ЮНЕСКО, озими Фаронса шудааст.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи ЮНЕСКО, имрӯз, 4-уми ноябр оғоз шуда, то 10-уми ноябр дар Фаронса идома хоҳад кард.
Раҳматулло Раҳматуллоев, масъули дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Мирзошоҳрух Асрориро дар Фаронса, раиси намояндагии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон, Руқия Атоевна ва Шаҳло Абдураҳимова ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, маъмурияти ЮНЕСКО дар номае ба ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, дар ҷаласаи феълии ин созмон ҷашни 3000 солагии Ҳисор, 700 солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва 100 солагии оҳангсози шаҳир Зиёдулло Шаҳидӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |