Бахшҳо
06 дек 2013 16:11Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Илҳомҷон Ёқубов: “ҲНИТ мехоҳад, аз 100 донишҷӯ қадрдонӣ кунад”

Бахши вилоятии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, аз як қатор донишҷӯёни фаъоли ин минтақа қадрдонӣ кунад.

Ин дафтари ҲНИТ бо ирсоли як нома ба унвони Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд барои баргузории ин маҳфил толор ва номгӯи 100 нафар донишҷӯёни фаъолро хостааст. Илҳом Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд рӯзи 6 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳадаф аз ин иқдомро боло бурдани ҳисси донишомӯзию ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва тақвияти ҳамкории ҲНИТ бо Вазорати маорифи Тоҷикистону донишгоҳҳои кишвар арзёбӣ кард.

Ёқубов гуфт, дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд мехоҳад, ҳудуди 100 донишҷӯи фаъоли ин вилоятро бо тақдими тӯҳфаву мукофот қадрдонӣ кунад ва аз ин рӯ, ба Ғафурҷон Усмонов, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардаанд, то номгӯи ин донишҷӯёни фаъолро муайян кунанд. Ба гуфтаи Ёқубов, интизор меравад, ин чорабинӣ то охири моҳи декабр баргузор гардад, вале азбаски ҷавоби мақомот дар мавриди толор ҳанӯз маълум нест, санаи дақиқи он муайян нашудааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Яке аз бехтарин икдомхое, ки ХНИТ руи даст гирифтааст. Ана аз кучо бояд сар кард! Катра катра чам шавад , оби даре кул шавад. Агар ки ХНИТ мехохад, ки дар интихоботи оянда пируз шавад махз ба хамин чавонон лаекатманд ва умуман донишчуен робитаи зич дошта бошад...

ахмадчон
хело икдоми хуб офарин

икбол донишчу
Бисер хуб аст дигар хизбхо хам чунин икдом мекарданд...

донишчу
Бояд донишчуёнро дастгири кард. Рахмат ХНИТ.

Усмон (донишчу)
Хеле ,фикри хушу,неку,зебо
ДОНИШ ДАР ДИЛ ЧАРОГИ РАВШАН АСТ.
В-АЗ ХАМА БАР ТАНИ ТУ ЧАВШАН АСТ.
Барои ХНИТ- Донишу ,Чавшан дар ин рузу.моху,сол аз хама зарур аст.

Макомоти давлатй бояд шукр гуянд ки хизби динй тухфахояшро ба толибилмони мадраса неву ба донишчуёни донишгоххо эхдо карданист. Хатман мусоидат ва чонибдорй кунанд ин икдоми некро.

Шавкати М
Ана инро мардак мегуянд. Кандро бизанед Илхомчон! Аммо инаш хам хаст, ки хаму донишчухо ба гуруснагиву ташнаги муранд хам ин хукуматихо ичоза намедиханд, ки нахзатихо ба халкашон об чаконанд. Зеро калбашон пур аз бухлу хасад шуда чашмони хакбинашон кур шудааст ва берун аз худашонро дидаву тасаввур карда наметавонанд.

Собиршо
Ин ХНИТ ин кадар пулро аз кучо меорад.Ё пул печат мекунад ки чунин икдомхоро пеш мегирад. Ин хизб хело маккорона кор мекунад.Бубин то хадде ки раисаш аъзои терористшудаашро озодона кумак мекунад.Ачаб дунёе...

Чобиршо
Собиршо, туро ба пули ХНИТ чи кор? Касе аз ту ва ё хочагонат мепурсад, ки пулро аз кучо ёфтед? Шумо дар хисоб кардани пули кисаи мардум бисёр усто хастед. Зайд Саидро хисоб кардед, хуб чи микдор маблаг доштааст?
Бехтарин икдоми нахзат! Бо чавонон хамин тавр робитаатонро зич кунед. Ин бурди шумост.

donishju va javononro tuhfa dodana az prezidentamon yod gired.janobi oli har sol in korro mekunad.

Shuhrat
Ба Точик! Инро бояд нагз дон,ки президент хамаи тухфахоро аз хисоби пули мардум хадя мекунад,на аз хисоби худаш.

Shuhrat
Озодагон,барои чи назари маро руи сафха наоварди? Магар ту ОЗОД нести е тарсиди? Ман бисер назари худро менависам,аммо ту назари маро сарфи назар мекуни?

Shuhrat,
man naguftam az hisobi xudash mekunad prezident va na az hisobi tuvu man.albata az hisobi budjai davlatu hukumat na az xalk.

донишчуи нимфаъол
Умедвор машав, хеч як ректоре руихати донишчуёнро ба шумо намедихад, чун фармон аз боло дигар аст. вакте шумо хатто чаласачае кардани хастед, он руз то дери бегох донишчуён дар муассисахои таълимии хеш "махбас"-анд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)