Боздошти ноболиғ бо иттиҳоми мошиндуздӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми мошиндуздӣ ду сокини шаҳри Душанбе, ки якеяш ноболиғ мебошад, боздошт шудаанд.
Ба иттилои манбаъ ба шуъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Алимов Насим Шарифович, соли таваллудаш 1986 муроҷиат намуда, арз доштааст, ки шаби 15-уми декабри соли равон, тахминан соати 23.00 дақиқа шахсони номаълум аз назди хонааш автомашинаи шахсиаш тамғаи «ВАЗ-21011»-ро, ки беназорат меистод, ба самти номаълум рабудаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони рабудани воситаи нақлиёт шаҳрванд Ғ. М, соли таваллудаш 1995 ва ноболиғ С,У, соли таваллудаш 1997, сокинони шаҳри Душанбе дастгир шуданд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, аз боздоштшудагон далели шаъйӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишоти парвандаи ҷиноӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |