Бахшҳо

Наход барои анҷоми вазифаи касбӣ ҳам боздошту латту кӯб кунанд?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Хабарнигорону кормандони ВАО (СМИ) бояд “язна” ё хешу табори кӣ бошанд, то латту кӯб нашаванд ё ҳадди ақалл омилони ҳамла ба онҳо ёфтаву муҷозот гардад?

Боздошт, латту кӯб ва билохира барои ҳафт шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шудани наворбардори хабаргузории “Озодагон” хеле аз ҳамкорони моро дар ҳолати шок гузошт. Хуршед Раҳмонов, муовини раиси Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ба масъулони хабаргузорӣ “қавли мардакӣ” дода буд, ки Абдураҳим Шукуровро барои ташхис ё экспертиза бурдаву пас аз он раҳо мекунад. Аммо наздик ба соати 20:00, баъд аз пофишориҳои кормандони хабаргузорӣ, дар як тамоси телефонӣ гуфт, Шукуров ҳафтшабонарӯз нигаҳдорӣ мешавад.

Аз ин пеш, наворбардори “Озодагон” дар як дидори кӯтоҳ бо масъулони хабаргузорӣ шикоят кард, ки баъд аз боздошт шудан дар роҳ ба сӯи Шӯъбаи умури дохилӣ латту кӯб шуда ва ноҳияи чашмаш осеб дидааст. Абдураҳим Шукуров ҳангоми иҷрои вазифаи касбияш боздошт шуд. Ӯро ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир карданд. Яъне, вақте вазифаи касбияшро анҷом медод.

Наход дар ин кишвар, дигар барои анҷоми вазифаи касбӣ ҳам боздошт ва латту кӯб кунанд? Гузашта аз ин, баъд аз анҷоми рӯзу соати корӣ ва бидуни ҳузури ҳеч касе ба ҳафт шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шудани як нафар чӣ таърифе дорад? То ин вақт аз кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот интизори боздошти омилони ҳамла ба журналистонро доштем. Аммо вақте худи онҳо як корманди ВАО-ро латту кӯб мекунанд, дигар чӣ кор бояд кард?

Тоҷикистон шоҳиди латту кӯбҳои зиёди журналистон ва кормандони ВАО шудааст, ки омилони бештари онҳо бо гузашти солҳо ҳам ошкор нашудаанд. То ҳанӯз мақомот дар пайдо кардани афроде, ки ба Раҷаби Мирзо, сармуҳаррири нашрияи “Рӯзи нав” (моҳи июли соли 2004), Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ (феврали 2011) ва Далер Шарипов, хабарнигори ТВ “Сафина” (майи соли 2012) ва ҳамла бурдаанд, муваффақ нашудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, оё месазад бовар кард, ки ВКД кормандони худашро муҷозот мекунад? То ин вақт зиёд мегӯянд, ки барои ба роҳ мондани тиҷорат, пешрафти кор соҳибмақом шудан бояд дар ниҳодҳои калидӣ “тағо” ё хешу табор дошта бошӣ. Шояд акнун барои пайдо кардани ҳамлаварон ҳам “тағо” лозим бошад. Ё шояд ба журналистон “язна”-и нерӯманде лозим, ки гапашро дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ “ду” карда натавонанд?
Мӯҳр
цу
Дар сарат ягон износилованира назаданд шукр кун. 7 сутка хеч гап нест.

Шукр бкн ки номата тарафи Сибир накадан. и Точикистонай бародар хамихелай. катит камераи пинхони бги дар давоми кори ояндат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)