7 бурҷ: Аз табобати раис дар Эрон то пешниҳоди "прокладка" ба мизоҷон (Видео)
Алишер ЗАРИФӢМудирияти ширкати “7 бурҷ” қатъи фаъолияташонро аз ҷониби мақомот дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ хонда, қотеъона таъкид мекунад, ки маблағи мизоҷонашро бармегардонад.
Саидҷон Саъдуллоев, масъули ширкати “7 бурҷ” имрӯз, 8 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, айни ҳол ба маблағи беш аз 600 ҳазор доллари ИМА дар анборҳои ширкат маҳсулот буда, муштариён метавонанд бар ивази маблағашон аз анбор маҳсулот гиранд. Дар анборе, ки Саъдуллоев ба хабарнигори “Озодагон” нишон дод, аксаран қутиҳои подгузник ва прокладкаҳо мавҷуд буданд.
Ӯ афзуд, ки агар муштариён даъвои маблағи нақдро кунанд бояд интизор бошанд, то масъулин ин маҳсулотро фурӯшанду маблағи нақдро ба муштариён баргардонанд ва изҳори боварӣ намуд, ки маблағи муштариён то аввали соли 2015-ум пурра баргардонда хоҳад шуд.
Ин масъули ширкат илова намуд, ки даъвои бархе муштариён, ки фавран пули нақд металабанд бо шартномаи бастаашон ба ширкат мутобиқат намекунад, зеро дар ҳеҷ куҷои шартнома гуфта нашудааст, ки ширкат пули нақд медиҳад: “Бубинед, охир ин ширкат бонк нест, ки ба муштариёнаш пули нақд диҳад. Дар шартномаи мо низ чунин гуфта нашудааст. Дар шартнома омадааст, дар ҳолатҳои изтирорӣ ба муштариён маҳсулот дода мешавад. Бо вуҷуд дар сурате агар муштарӣ маҳсулот нахоҳад, он маҳсулот фурухта мешаваду пули онро ба муштарӣ медиҳанд”.
Саидҷон Саъдуллоев аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бештари муштариён шартномаро дуруст нахондаанд ва ба моҳияти шартнома сарфаҳм нарафтанашон имрӯз боиси эътирозу норозигиҳо шудааст.
Ширкати “7 бурҷ” дар шаҳрҳои Душанбеву Суғд анбор дошта, дар ин анборҳо асосан маҳсулоти гигиенӣ барои занон мебошад, ки дар муқоиса ба нархи бозор ба муштариёнаш онро арзонтар пешниҳод мекунад.
Як масъли дигари ин ширкат, ки дар анбор ба додани маҳсулот ба муштариён машғул аст, иброз дошт, ки аз рӯзи қатъ гардидани фаъолияти “7 бурҷ” ширкати мазкур маблағи 150 муштарияшро дар ҳаҷми 300 ҳазор доллар дар шакли маҳсулот ва пул баргардонидааст: “Худи ҳамин рӯз 12 нафар омада маҳсулот гирифт ва дигар рӯзҳо аз ин ҳам зиёдтар меомаданд”.
Саидҷон Саъдуллоев дар мавриди дастнорас будани раҳбарияти болоии ин ширкат гуфт, айни ҳол директори генералии ширкат Саидҳомид Маҳмудов бемории дил дошта, барои табобат дар Эрон қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 6-уми январ мизоҷони “7 бурҷ” бо нишони эътироз ба дафтари ин ширкат дар Душанбе ҳозир шуда, мулоқот бо роҳбарияти болоӣ ва маблағҳояшонро бозпас талаб карданд.
Фаъолияти ширкати “7 бурҷ” соли гузаштаи 2013 бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон ба далели фиребкорӣ қатъ шуда, ҳазорҳо муштарии онро саргардон кардааст. Ин ширкат дар Тоҷикистон аз аввали соли 2011-ум ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 5 ҳазор муштарӣ ҷамъ намудааст. Ба ин ширкат шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағи 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар ворид мегардиданд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб месохтанд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоварданд.
Дар ҳамин ҳол роҳбарияти ширкати “7 Бурҷ” “пирамида” будани ин корхонаро рад намуда, фаъолияташро ҳам барои давлат ва ҳам барои шаҳрвандон муфид хонд. Як масъули ин ширкат гуфт, аз болои қарор дар болои қатъи фаъолияти “7 бурҷ” ба Додгоҳи иқтисодии Душанбе шикояти касатсионӣ бурдаанд.
Аксҳои анбори "7 бурҷ" дар Душанбе
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |