Бахшҳо

Князев бовар дорад, баҳси миёни Душанбеву Бишкек сунъист

Александр Князев, коршиноси рус, дар ҳоле қазияи тирпаронии 11 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ медод, гуфт, вазъ миёни ду кишвари ҳамсоя ба таври сунъӣ муташанниҷ карда шудааст. Ба қавли ин коршиноси рус, таниши марзӣ ва ин ихтилоф шояд, базудӣ бартараф шавад. Вале ҳалли пурраи ин мушкил то муддате масъаласоз боқӣ хоҳад монд ва дар гумон аст, ки равобити дӯстонаи ду кишвар ба ин зудӣ барқарор шавад.

Дар мавриди сар задани ин ҳодиса, Князев омилҳои зиёдеро ном мегирад. Аз ҷумла, ба бовари ӯ, мушкилоти иқтисодӣ, ҷанбаъҳои қавмию ҷамъиятӣ ва бетаваҷҷуҳии раҳбарони ду кишвар, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сари вақт дар фикри ин масъала нашуданд, шояд сбаби аслии танишиҳои марзӣ бошад.

“Аз сӯи дигар, иқдомоти бедор намудани ҳисси ватандӯстии сокинон ва душмантарошии бегонагон, яке аз роҳҳои қадимиие ба шумор меравад, ки диққати мардумро аз мушкилоти дохилӣ дур месозад”,-изҳор дошт Александр Князев.

Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Вале ҷониби Қирғизистон ҳамоно барои айбдор кардани марзбонони тоҷик дар ин ҳодиса исрор дошта, ахиран сафири худ дар Дуашнберо низ ба ватан бозхонд. Ин ҳама пофишории Бишкек барои айдоркунии Душанбе дар ҳолест, ки тирпаронии 11 январ миёни марзбонони ду ҷониб на дар хоки Қирғизистон, балки дар қаламрави Тоҷикистон, дар маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара, сурат гирифтааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
точик
Ин бесохибии мардуми минтака мебошад. Хамаро ба гардани сархадбонон бор карда гаштанд. Марзро дар сатхи болои хукуматхо муайян мекунанд ва ба дасти сархадбонон месупоранд то онро посбони кунанд. Хати сархад нест ин одамони ярокнок чиро нигох мекунанд мантик нест. Хун рехта шуд, муносибатхо тезу тунд шудаанд, комиссияхо ради галочка кор карда истодаанд, Сангинов ба пресс секретари марзбонон табдил ефтааст.

беном
Киргизхо хам аз мо оё ру мегардонда бошад..........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)