Бахшҳо

Амонулло Ҳукумов: “Аз Расул умеди зиёд дорам” (ВИДЕО)

Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раҳбари корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ки дар пайи садамаи шаби 9 октябри соли гузашта бо иштироки БМВ-и писараш -- Расули 16-сола камнамо буд, дар нишасти хабарии 29 январи ин ниҳод ҳозир шуд.

Ҷаноби Ҳукуматулло дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон дар мавриди ин садама низ ҳарф зада, аз ҷумла гуфт, "агар гап дар бораи шахси ман равад, гапи дигар аст, вале дар бораи фарзанди ман меравад, ман талаб мекунам, чизе қонун мегӯяд, бояд ҳамон шавад. Журналист чӣ ҳақ дорад, ки мегӯяд, писари ман се нафарро куштааст? Шаб, соати 2, ин садама шуд. Ман ба Ҷаноби Олӣ ҳам гуфтам. 6 соат ягон кас ба ман хабар надодааст, бояд ба ман мегуфтанд. Барои ба Олмон рафтани Расул ва таҳсилаш дар он ҷо ду моҳ талош кардем. Бисёр бачаи чаққон асту забони тоҷикию англисиро хуб медонад. Ман аз ӯ бисёр умед дорам”.

Амонулло Ҳукуматулло таъкид кард, баъд аз анҷоми тафтиши садама бо иштироки писараш ҳатман аз болои бархе аз рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят мебарад: “Ман то ин ҳад бе виҷдон нестам, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият дошта, писари худро ба хориҷ гурезонам.”



Дар пайи садамаи шаби 9 октябри соли гузашта, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се нафар ҷон дода, се нафари дигар маҷруҳ шуданд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст.

Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, бо ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ буда, сари фармони БМВ-и Расули Амонулло қарор доштааст. Дар пайи ин қазия модари Расули Амонулло барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон аз сӯи Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт 120 сомонӣ ҷарима шудааст.

Ҳарчанд Амонулло Ҳукуматулло иштироки писараш дар садамаи шаби 9 октябри соли гузаштаро рад кард, вале наздикони ӯ чанд бор ба ҷабрдидагони садама ва хонаводаи онҳое, ки ҳалок шудаанд, кумакпулӣ додаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Офарин ба Амонулло Хукумов. Мавсуф эхтироми рузноманигоронро ба чой овард ва ба нишаст хузур овард. Мо низ бояд ин эхтироми уро кадр кунем.
Бубинед, ки Вазири корхои дохили ваъда дода буд, ки ба нишаст хозир шуда бо рузноманигорон ру ба ру сухбат мекунад вале ваъдаи генералиро шикаст. Вале Хукумов бо агарчи медонад, ки саволхои зиёде дар бораи писараш мешавад, вале ба нишаст хозир шуд.

Мансур
Ахсан Амонулло Хукумов бехтарин сухбат бо журналистон. Як сухбати ботамкин ором буд.

КАРИМ
/"Шаб, соати 2, ин садама шуд. Ман ба Ҷаноби Олӣ ҳам гуфтам. 6 соат ягон кас ба ман хабар надодааст, бояд ба ман мегуфтанд."ана ичрои Конун дар бораи масъулия\ти падару модар аз тараф\и рохбарон

Садаф
Расул бачаи чакон инглисиро медонистаст, аммо се нафарро чобачо кушт...

Офарин ба Додгоҳи Олии Исмоили Сомонӣ. 120 сомон ҷарима бастааст инҳоро. Агар дар ҷои ин як кммбағале мебуд ҳатман 1200 сомонӣ ҷарима мешуд.

додгар
1)иқрори Ҳукумов ба ин масъала ки соати 2 шаб кор шудаст ва 6 соат бе хабар будаст зидди қонуни масулити падару модар аст ки аз писаршон бе хабаранд
2)Ҳукумов мегуяд писараш тоҷики ва англисиро хуб медонад. ооооой магар писарат узбак аст ки аз тоҷики дониаш ифтихор мекнӣ
3)ва мегуяд бисёр талош кардааст барои таҳсил дар олмон яъне ДУ МОҲ .мардум 5 сол талош мекунанд дар Душанбе хонанд наметонанд ин ду моҳ ро БИСЁР ТАЛОШ мегуяд
4) чигуна касе ки мактаби миёнаро хатм накарда ба Олмон барои таҳсил ба донишгоҳ меравад
5) агар беҳтарин писараш ва бо ахлоқтарин ва умеди падар ба ҳамин ШАБГАРДУ ПИСТАЛЕТ БА ДАСТУ ҚИЛЁНКАШ бошад вой бар ҳоли дигаронаш!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

мухочир
як писараш бо 9 кг героин дар Маскав махбас шуда буд, азоби халосии онро хазорон мухочирон диданд. Азоби ин писари ингилисию точикидонашро ки мекашида бошад )))))))))))))

Ёсир
Хамин суол ба Хукумов басанда аст. Ноболиг баро чи паси чамбарак менишинад ва соати 2-и шаб дар куча мегардад чаро падар бехабар?

мухочир
ту аз писари точикидонат умеди калондошта боши, падару модари мархумон чи орзухояшон барбод рафта бошад. афсус (((((((((((((

Хамаи норозигихои "халк" бехудаанд, чун хама шохиди онанд, ки то хол у раиси карда истодааст. Бовар кунед ба ин авлод ягон гап хам намерасад. Писари раис бошад, тахсилашро дар хорича тамом карда, баргашта як раиси нав мешавад. Агар нисбати онхо сухани бад зани, туро муттахам карда, ба зиндон мекашанд.

Шариф,
Посух ба Шариф. Чаро Вазири корхои дохилиро ин чо мисол меоред? Якум ин, ки Вазири корхои дохили дар сафари хизмати карор дошт, дуюм, у хеч гох аз рузноманигорон намегурезад, хамавакт бо онхо мусохиба мекунад. Сеюм, Хукумов вакти гусел ба Олмон чаро писарашро напурсид, ки дастат барои чи шикастааст? Ё чаро у писаре, ки аз у ин кадар умед дорад, ба Хукумов нагуфт, ки ба садама дучор шудам?

Дилшод
Чи гап аст инчо? Аааа бояд ман дар ин мавзуь назари худро нанависам.

МУХОЧИР
Бадбахтии мо дар махалгароии мо аст.

Шарифчон, чони гапро гуфти, агар Амонулло Хукумов аз таъкибу тахдиди рузноманигорон мехаросид ва аз гунахкории фарзандаш шубхае медошт, бо ягон бахонае ба нишаст намеомад

абудовуд
,бисёр бачаи чаккон аст, ха вокеан аз чаккониша 3 каса зада кушту ба олмон фирор кард.ин хамон туфангбадасту калянбадахон не-ми?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)