Бахшҳо
29 янв 2014 11:14Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Ҳукумов ба ИмрӯзНюз: "Медонам, дар пушти Шумо кӣ меистад" (ВИДЕО)

Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ, вақте сухан аз писараш Рустам Ҳукумов рафт, ба нашрияи “ИмрӯзНюз” ҳушдор дода, аз онҳо хост, эҳтиёт бошанд. Раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, “медонам, соҳиби “ИмрӯзНюз” кист, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт кунед.”

Ӯ аз қазияи пирӯз шудани Рустам дар баҳси додгоҳӣ бо “ИмрӯзНюз” ёдовар шуда, илова кард, “ӯ ҳанӯз ин маблағи ҷубронро талаб накардааст.” Вале таъкид дошт, ин амалкарди бархе аз расонаҳои матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба қазияи писарашро бе ҷавоб нахоҳад монд.

Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, дар авохири соли 2011 рӯзномаи “ИмрӯзNews”-ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, шаъни ӯро барқарор кунад ва баъдан ин баҳси додгоҳӣ ба нафъи ӯ ҳал шуд. Рустам Ҳукумов соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуда, ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид.



Амонулло Ҳукуматулло дар нишасти хабарии 29 январ раҳоии писараш гӯиё бар ивази ду халабони ширкати русиро беасос донист ва гуфт, аслан қазияи писараш сиёсӣ буд. Ӯ гуфт, дар бораи боздошти ҳавопаймову ду халабони ширкати русӣ аслан хабаре надошт ва таъкид кард, ин ҳама барояш муҳим набуд.

Вай афзуд, мисли Матлубхон Давлатов, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон, мутаассифона, нашрияҳое надорад, ки ӯро ҳимоя кунанд. “Ман ҳамаи чиро медонам, ки соҳибони рӯзномаҳо киҳо ҳастанд. Кадом нафаре, ки ҷои маро гирифтанист, тоқат кунад, ба нафақа меравам ва касе хоҳад омада ҷои маро бигирад”,-таъкид кард ӯ. Оқои Ҳукуматулло дар идома аз Матлубхон Давлатов як навъ гила карда гуфт, "ӯ ба ман мегӯяд, чаро бачаҳои ману Убайдуллоев нею бачаҳои ту ин корро мекунанд?"

“Дар мавриди писаронам тамоми ҳуҷҷатҳоро ба президент нишон додам. Агар ягон камбудӣ мебуд, маро мемонданд, ки дар ин вазифа боқӣ монам? Дастгирии Ҷаноби Олӣ буд, ки то ин ҷо расидам. Маро дастгирӣ карданд, ёрӣ карданд. Мо ҳам кор кардем. Ман бесавод нестам, таърихро хуб медонам. Исломро ҳам хуб медонам. Агар пасттарин гражданини Тоҷикистон бошам, ба Ватан хиёнат намекунам",-афзуд ӯ.

Вай, инчунин, гуфт: "Шумо маро ягон бор дар телевизион дидед? Чизе, ки ҳаст, ҳамон. Аттор мегӯяд, “Худнамоӣ пешаи Шайтон бувад, Ҳар ки худро кам занад, мард он бувад.” Ман медонам, Шуморо соҳибонатон кӣ аст, кӣ маблағгузорӣ мекунад. Вале ягон бор шунидаед, ки ман ягон нашрияро маблағгузорӣ карда бошам ё нашрия дошта бошам? Фақат чашми Шумо Амонуллоҳ Ҳукуматуллоро мебинад. Дар ҳоле ки корхонаҳо чор моҳ маош намегиранд, касе наменависад. Ҳар рӯз ҳафтнафарӣ мемурад, аммо касе намегӯяд. Агар камбудӣ ҳаст, нависед, айбҷӯӣ кори хуб нест.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
Хех монанди як дехкони дар умраш аз колхоз берун нарафта гап заду рафт. магар хамин гапхо ба раиси рохи охан мезебад. эхтиёт шавед ва хоказо. Бехтараш кушоду рушан гуй, ки нестатон мекунам. - ЭЭЭ Амонбой бачахоро тарбия кардан даркор - чаро дар хакикат бачаи Махмадсаид нею бачахои ту доим дар забони мардум?

Правильно
Доллар мардаки зурай.... am

Беном
Бачахои Махмадсаид Убайдуллоев ба гап нест рахмат барои тарбияааш

Амон
Мардаки боакл агар мавриди танкиди дурударози матбуот ва масхараи мардум карор гирад, мардона бояд истеъфо равад. Ман ба президент хучатома нишон додам мегуяд. О ин президенти мо шахси бузург ва мехрубон аст, хафа накунам гуфта, ба ихтиёри худи шахс мемонад. ..

эээээээээээээ Хоча бигу ки ман манам, ма на манам на ман манааааааам

Ман медонам
Ачиб гап мезанад ин Хукумов. Ба босавод буданаш баъди ин хама харфхои кудакияшро гуфтан, шубхаи кас меояд. Хандем ё гирем?

E ne ki boboi rais qandota bzan hamawa mad kardi jurnalistoi puka... Man hudam wohidi amin gapam ki borho maktubi Raisro Janob be kor kad. Naguzowt ki rais koro bas kunad. Neki hudovand ba hej kas gami farzandro nadihad. Az hama dogi naravanda in gami farzand. Respekt ba a. Amon hubihoi u ba Hatlon zamin bisor rasidaast. Woyad man hato fikr mekunam lekin hama dardu ranjurii raisro falokati ahironi pisaraw ovard. Az gulohan zangohan guftaan...

хабарнигор
Ягон журналист суол накард, ки кадом расона аз Матлубхон Давлатов аст?

Анвар
"ӯ ба ман мегӯяд, чаро бачаҳои ману Убайдуллоев нею бачаҳои ту ин корро мекунанд?", ана дидед мансабдорон бачахои хуб тарбият кунед бо забони сурх мисли матлубхон гап мезанед. Амонулора рост мегуян бачахота тарбия кун касе чизе намегуяд. Бетарбия бошан чиноят кунанд журналист хап шинад!!???

донишчу аз амрико
бародар хамин гапи охираш ба ман макул шуд харруз 7 нафар мемурад чор мох кормандон маош намегиранд ин гап чо дорад ман бароятон мегуям кумитаи сохтмон кимчихе хамихе корхона аст ку коргаронаш нимсол мешавад, ки аванс мегиранд ки навишт дар ин бора хеч ? боз тарики хамин сомонахо хондаги будам ки кадом корхонаи сементбарори маош надодаст коргарора ки навишт хеч? ин гапоя гуфтам ин маънои онро надорад ки пуштигири кардам аз хукумов не ин ишора дод ба хабарнигорон ки интарафорам нигох кунед дустон...... боки барори кор.

Бегараз
Дар хакикат бачои Убайдуллоевда гап нест. Хаминхел тарбияи хуби доранд, Худованд ба хамаи мочу шумо фарзандои дихад ки хизматгори падару модар ва чомеъа бошад,

дуст
э бародар аклро писар аз падар ва духтар аз модар меомузад.. Убайдуллоев худаш афти тарбияви дорад. аз чашмонаш чи гуфтани уро мефахми, вале гушт бе устухон намешавад дустон ......

aku raisi ako marduma jang nakuned, bachahota tarbiya bkun, farzandi bad dogi padar megan, erka kadi azobta mxuri, bachai 15 sola da moshinai kimatbaho xaridi, marduma gunahkor nakun, o bachat dar dast taponcha, kafe barda dud mekasha, nimi shab megarda aku tu yakbor zang namezani ki nimi shab da kujost yo ki xoni zani 4um xob budi ku nakl bku

Ча
фарзанди ту азиз аст аз дигарон чи азиз нест писрат сенафарро кушт, дигараш тамоми точикоро росияда рууз надодан.... Аз руи хамин тамоми миллат азоб мекашад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)