Бахшҳо
30 янв 2014 10:47Тоҷикистон / Сиёсат

Шарти мақомот ба ҲНИТ ва ифтитоҳи дари мӯҳрзадаи он

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз боз шудани дари муҳрзадаи толорҳои дафтари худ хабар дод. Рӯзи 23 январи соли ҷорӣ дар пайи ташрифи ҳайати муташаккил аз кормандони оташнишонӣ, Кумитаи дин ва Хадамоти санитарӣ дари толорҳои ин дафтар баста шуда буданд.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси бахши ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 30 январ хабари боз шудани дари толорҳои дафтарро дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид карда, гуфт, "мақомот ба шарти он ки баъзе аз камбудҳоро ислоҳ бикунем, дари қароргоҳро боз намуда, барои анҷоми ин кор муҳлат доданд." Ба гуфтаи Ёқубов, ҳоло масъулини дафтари ҲНИТ аз пайи бартараф кардани камбудҳои ҷойдошта, ки дар пайи бозсозии бино ба миён омада буданд, машғуланд.

Як ҳайати муташаккил аз кормандони оташнишонӣ, Кумитаи дин ва Хадамоти санитарӣ 23 январи соли ҷорӣ ба дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, дари толорҳои дафтарро ба хотири ҷой доштани камбудҳои ҷузъӣ дар бино муҳр зада буданд.

Дари толорҳои дафтари ҲНИТ дар ҳоле баста шуданд,ки қарор буд, рӯзи 23 январ нишасте дар робита ба қазияи Умедҷон Тоҷиев, узви боздоштшудаи ҲНИТ, ки 19 январ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд аз дунё даргузашт, таҳти раҳбарии Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ин ҳизб баргузор шавад. Баста шудани дари толорҳои дафтари ҲНИТ дар Суғд бори аввал нест, охирҳои моҳи апрели соли гузашта низ як ҳайати 15-нафарӣ аз ҳисоби кормандони амният, оташнишонӣ, Кумитаи дин ва Хадамоти санитарӣ ба дафтар ҳозир шуда, дар пайи як бозрасӣ дари толори ҷаласаи онро муҳр зада буданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
tojik
Khudo mulohoro salomati dihad lekin bigzor dar Tojikiston hej goh sari qudrat naoyand! Agar shudu hokimiyat ba dast orand zindagi dar Tojikiston az jihati ozodihoi iqtimoyi khele mushkil meshavad!

саид
ба Худо бояд такя кард ранги фолбин сафсатаро як тараф мон иншоАллох хаммаш хуб меша

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)